Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Боевик"-и собиқи Фронти халқӣ мехоҳад наҳзатӣ шавад


Файзулло Бадарғаев.
Файзулло Бадарғаев.

Собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ ва нафаре, ки нахустин ситоди мусаллаҳони алайҳи мухолифонро дар Кӯлоб созмон дода буд, барои шомил шудан ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ариза додааст.

Файзулло Бадарғаев, ки замоне бо нидои «Ватан дар хатар аст!», зидди исломгароёни солҳои 1990 силоҳ ба даст гирифта буд, акнун мегӯяд, ақидаҳои ҳамин гурӯҳ метавонад, кишварро аз бӯҳрон берун кашад. Аммо, зоҳиран, ноқаноатмандӣ аз вазъи хусусияш ӯро бештар таҳрик додааст, то низоми мавҷудаи сиёсӣ.

Файзулло Бадарғаев, сокини шаҳри Кӯлоб дар ҳоле барои узвият дар Ҳизби наҳзати исломӣ ариза додааст, ки бознишаста шуда, камтар аз 200 сомонӣ нафақа мегирад. Нафақае, ки ба гуфтаи ӯ, ба аз як халат орд мерасад ва барои зиндагиаш хеле ночиз аст. Вай дар аризааш ба ҲНИТ навиштааст, ки ноадолатиҳои замон ва бароварда нашудани хостаҳое, ки наздики 20 соли умрашро сарфи онҳо карда буд, ӯро ба ин ақида водоштааст. Ин мард мегӯяд, андешаҳои интиқодии ҲНИТ ва роҳҳо берунрафт аз мушкилоти ҷомеаро мақбул дониста, ба чунин қарор расидааст.

«Ҳамин ноҳақиҳоро дида аз баҳри демократияааш гузаштам. Агар демократияааш ин бошад, ки дар ягон идора гапатро гӯш накунанд ва ҳар нафаре, ки ҳар кори дилаш хоҳад кунад, онро қабул намекунам. Аз замони нафақа баромадан ҳар идорае меравам, на эҳтиром аст, на одоби муошират. Коратро ҳам тамом накунанд, ақалан одобро риоя кунанд.»

Файзулло Бадарғаев дар сафи нерӯҳои Фронти халқӣ алайҳи мухолифон ҷанг мекард.
Файзулло Бадарғаев дар сафи нерӯҳои Фронти халқӣ алайҳи мухолифон ҷанг мекард.

Бадарғаев мегӯяд, умед дошт, дар пайи муборизаи ӯву даҳҳо ҳамсолонаш ҳукумате сари кор меояд, ки аз фаъолияти он вазъи зиндагӣ беҳтар мешавад, аммо ҳамакнун мебинад, ки орзуи ӯву даҳҳо ҳаммаслакаш бароварда нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, вай замоне силоҳ ба даст гирифт ва вориди ҷанг шуд, ки таблиғаш мекарданд, агар мухолифон пирӯз шаванд, мардуми ҷануби Тоҷикистонро саросар мекушанд: «Шояд ватан дар хатар буд, аммо ба фикрам на ба он ҳадде, ки тарғиб мешуд. Аз оне, ки ҳоло бо мухолифони пештара сӯҳбат мекунам, боварам намеояд, ки агар дар он замон пирӯз мешуданд, ҳамаи моро мекуштанд. Моро мегуфтанд, ки агар мо ғалаба кунем, пешравӣ мекунем, маошу нафақа зиёд мешавад ва зиндагии хубро таъмин мекунем, вале афсӯс, ки на ҳамаи он гапҳо ҳақиқат доштаанд.»

Ин узви собиқи Фронти халқӣ мегӯяд, умедвор аст, ки шомил шудани ӯву дигар ҳамандешонаш ҲНИТ ин орзуву омоли ӯро пиёда мекунад. Аммо бархе аз ҳамсангарони собиқаш ӯро марде медонанд, ки ба хотири кӯчактарин манфиат андешаашро дигар мекунад. Ҷамолиддин Саидов, узви Фронти халқӣ, ки замоне дар як сангар бо Бадарғаев ҷангидааст, мегӯяд, ӯ ҳеҷ хидмате накардааст, ки қобили ситоиш бошад: «Ӯ худро бузург метарошад ва гӯё сулҳро дар Тоҷикистон ӯ барқарор карда бошад. Дар ҳамон замон ҳам ба хотири фоидаву манфиати худаш силоҳ ба даст гирифта буд. Он вақт дар Шӯрообод ба марзбонон ройгон гандум медоданд ва бисёриҳо ба ҳамин хотир он ҷо мерафтанд, ки Бадарғаев аз ҷумлаи онҳо буд. Як афсари оддӣ буд ва ҳеҷ қаҳрамоние накардааст ва бештар воҳимаву дурӯғ мегӯяд.»

Маҳмадшариф Набиев, масъули ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб
Маҳмадшариф Набиев, масъули ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб

Аммо масъулони ҲНИТ дар Кӯлоб мегӯянд, аризаи ин собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ дастрасашон шуда, феълан дар ҳоли баррасист ва ӯ комилан аъзои ин ҳизб нашудааст. Муҳаммадшариф Набиев, раиси ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ӯ хеле содиқона мехоҳад, аъзои ҳизб бошад, аммо то узви ҳизб шудани ӯ фурсат лозим аст: «Шарт ин аст, ки бояд аз дохили ҳизб ду нафар барои аъзо шуданаш кафолат диҳанд. Ҳоло аз ҳизб касе нест, ки ба ӯ кафолат диҳад. Барои қабул кардан ба аъзогӣ эҳтиром кардани арзишҳои исломӣ ва риоя кардани оинномаи ҳизб дигар кифоя ҳаст. Дар аризаи Бадарғаев бояд ду каси дигар имзо гузорад. Агар онҳо ин корро кунанд, дигар ӯ аъзои мо мешавад.»

Ҳарчанд, бархе аз аъзоёни ҲНИТ бар инанд, ки эҳтимол пас аз аъзо шудан ин мард, ҳамчун узви ҳизб дарди саре барои он эҷод кунад, аммо худи Бадарғаев мегӯяд, ӯ хеле дар ин роҳ содиқ ҳаст ва ҳамчун мусалмон ҳеҷ гоҳ пас аз аъзои ҳизб шуданаш ба он хиёнат нахоҳад кард.

Маҳмадшариф Набиев мегӯяд, Бадарғаев ягона узви Фронти халқӣ, фронте, ки наздики даҳ сол алайҳи ин ҳизби мухолиф ҷангида буд, нест, ки ба ҳизби онҳо ҷалб шудааст. Ба гуфтаи ӯ, шумораи собиқ размандаҳои Фронти халқӣ дар ин ҳизб дар Кӯлоб аз сад нафар бештар аст, аммо ба хотири амнияташон ҳоло намехоҳанд, исмашон ошкор шавад. Ин масъули ҲНИТ мегӯяд, ин афрод пас аз оне, ки ба ислом бештар ошно шуданд ва воқеиятро дарк карданд, бо онҳо пайвастанд.

Аз хатми ҷанги дохилии Тоҷикистон 17 сол гузаштааст, аммо дар ин миён тағйири андеша ё худ сангар миёни афроди ду ҷониб зиёд рух додааст. Манучеҳр Муродов, ҷомеашиноси ҷавон мегӯяд, дар мисоли Бадарғаев пайвастани чунин афрод дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки бо рафтани синну сол арзишҳои исломӣ дар ҷаҳонбинии онҳо боло мегирад ва гузаштаи худро хато дониста, гӯё ба ислоҳи андешаи худ мепардозанд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, бо ин рафторашон мехоҳанд аз ҳамсангарони собиқашон, ки ҳоло суроғашон намекунанд, як навъ қасос бигиранд.

«Вақте ки алам мебинад ва хостаҳояшон амалӣ намешавад, тағийри андеша мекунанд. Ин гуна одамон бештар манфиатҳоро дунбол мекунанд ва дар ақида пойдор нестанд. Мушоҳида мешавад, ки бештар ин гуна афрод мавқеи иҷтимоиро нигоҳ карда тасмим мегиранд.»

Файзулло Бадарғаев муддати чанд сол дар яке аз қисмҳои марзбонӣ хизмат кардааст. Акс аз бойгонӣ.
Файзулло Бадарғаев муддати чанд сол дар яке аз қисмҳои марзбонӣ хизмат кардааст. Акс аз бойгонӣ.

Файзулло Бадарғаев, ҳамчун узви созмони ҷамъиятии «Ошкоро» зери раҳбарии Рустами Абдураҳим аз фаъолони майдони «Озодӣ», майдоне дар дар муқобили майдони «Шаҳидон» дар аввали солҳои 1990-ум буд. Пас аз оғози муборизаи мусаллаҳона ӯ аз аввалинҳое шуд, ки дар муқобили мухолифон, ки ҳоло аксараш аъзоёни ҲНИТ ҳастанд, ситоди мусаллаҳона таъсис дод. Силоҳбадастони зери итоати ӯ дар Қӯрғонтеппа зидди мухолифон ҷангиданд ва баъдан ӯро барои пешгирӣ аз ҳамлаи Мулло Абдураҳим фиристоданд, ки соли 1994 бо гурӯҳе аз размандаҳо аз Афғонистон вориди марзи Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод шуд.

Пас аз анҷоми ҷанги дохилии Тоҷикистон, то соли 2003 ӯ ҳамчун марзбон дар сарҳади миёни Афғонистону хизмат кард, аммо ҳоло мегӯяд, ин ҳукумате, ки дар барқароркуниаш саҳм дорад, хидматҳои ӯро ба назар намегирад. Ӯ мегӯяд, бештар аз ҳама муносибати мансабдорон ӯро хашмгин кардааст ва азмашро барои тағйири андеша афзоиш додааст.

Тасмими ошкоро аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шудани як фармондеҳи Фронти халқӣ бори нахуст расонаӣ мешавад. Аммо дар ду соли охир сафҳои ин ҳизби мухолифро афроди зиёде тарк кардаанд, ки масъулонаш онро ба фишори мақомоти давлатӣ бастагӣ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG