Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон ба Алмаато рафт


Имрӯз, 11-уми август, мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои ширкат дар бозии дӯстона бо мунтахаби Қазоқистон тавассути ҳавопаймо ба Алмаато парвоз кард.

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои ширкат дар бозии дӯстона бо мунтахаби Қазоқистон рӯзи душанбе тавассути ҳавопаймо ба Алмаато парвоз кард.

Ба иттилои Федератсиони футболи Тоҷикистон Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, ба ҳайати даста 21 футболбозро шомил кардааст: 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар. Ба Алмаато Ҷаҳонгир Эргашев, ҳамлагари «Истиқлол»-и Душанбе, ки ин ҳафта тӯйи арӯсӣ дорад, нарафтааст.

Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллии Қазоқистону Тоҷикистон рӯзи 12-уми август соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 18:30 ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи марказии Алмаато баргузор мешавад.

Ба ин бозӣ ҳакамон аз Қирғизистон бо раҳбарии довари ФИФА Дмитрий Машенсеви 38-сола хидмат мекунанд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Сергей Гришенкои 33-сола ва Баҳодур Қучқорови 44-сола, ки ба гурӯҳи Равшан Ирматов дар Ҷоми ҷаҳон- 2014 дар Бразил дохил буд, кӯмак мекунанд. Довари эҳтиётӣ Рисбек Шакарбеков таъин шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои мунтахаби миллии Қазоқистону Тоҷикистон пештар се бор бо ҳам рақобат кардаанд. Дар ду бозӣ футболбозони қазоқ пирӯз шудаанд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст.


Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон :

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Саванкулов (ҳама аз «Истиқлол»).

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов, Умедҷон Шарифов (ҳама аз «Истиқлол»), Иброҳим Рабимов («Энергетик»), Амирбек Ҷӯрабоев («Хайр»), Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»).

Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров («Парвоз»), Дилшод Восиев, Комил Саидов (ҳарду аз «Истиқлол»), Аҳтам Ҳамроқулов (бе бошгоҳ).

Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев, мураббии калон - Вазген Манасян.

XS
SM
MD
LG