Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон -- номаш ҳаст, худаш нест?


Нишасте бо ширкати намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон.
Нишасте бо ширкати намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон.

Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико-USAID бо нашри пажӯҳиши нави “Шохиси устувории созмонҳои ғайридавлатӣ” гуфтааст, дар соли 2013, ки дар Тоҷикистон президентӣ интихоб шуд, ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тарси фишори ҳукуматӣ, тӯли ин давра пурра хомӯш буд.

Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико- USAID бо нашри пажӯҳиши нави “Шохиси устувории ташкилотҳои ғайридавлатӣ” гуфтааст, дар соли 2013, ки дар Тоҷикистон президент интихоб шуд, “ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тарси фишори ҳукуматӣ, тӯли ин давра пурра хомӯш буд”.

Гулрӯ Азамова масъули ташкилоти ғайридавлатии “Маркази рушди ҳокимияти маҳал” рӯзи 11-уми июл дар сӯҳбат ба радиои “Озодӣ” гуфт ин гузориш чор рӯз қабл дар ҳузури худи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои давлат муаррифӣ карда шуд.

Гузоришгарон навиштаанд, шумораи Созомнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (СҶШ) тӯли соли 2013 бо сабаби ташвишҳои сиёсӣ дар арафаи интихоботи президенти кишвар кам шуд, ки дар натиҷа раҳбари кунунии кишвар бе мушкилӣ аз нав ба мақоми сарварӣ интихоб гашт: «дар давоми сол ҳукуматдорони тоҷик ба мухолифин ва фаъолони сиёсӣ фишор меоварданд. Ҳукумат назоратро бар СҶШ-ии фаъол алалхусус бар онҳое, ки сари мавзӯъҳои ҳассоси сиёсӣ кор мебурданд, пурзӯртар намуда, барои гузаронидани ҷамъомадҳои муштарак аз ҷониби СҶШ-ии фаъол иҷозат намедоданд. Васоити ахбори оммаи давлатӣ симои мусбати президенти кунуниро таҳким медод, дар ҳоле ки номзадҳо аз ҳизбҳои мухолиф ва назароти интиқодии дигар пӯшиш дода намешуд».

Муаллифони ин пажӯҳиш бо зикри он, ки сабти номи СҶШ ҳои нав дар соли гузашта 50 дарсад кам шудааст гуфтаанд, Вазорати адлия барои ба қад гирифтани онҳо монеаҳои сунъи эъҷод намуда санаду ҳуҷҷатҳои зиёд талаб мекунад. Иддаое, ки масъулони Вазорати адлия онро рад мекунанд. Қурбоналӣ Бобоев масъули Раёсати бақайдгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» дар ин робита гуфт: «ин гап ягон асос надорад. Дар қонун дақиқ омадааст, ки ариза дар мавриди таъсиси ташкилоти ғайридавлатӣ дар давоми як моҳ баррасӣ мешавад. Дар сурати дуруст будани ҳуҷҷатҳо мо ҳатто дар муддати 10- 15 рӯз ба қайд мегирем ташкилоти ҷамъиятиро. Лекин агар ҳуҷҷатҳояш комил набошад 10 бор ҳам мурофиат кунад мо онро бозпас мегардонем. Аммо дар ин маврид мушкиле нест, мо ҳар сол беш аз 100 ташкилоти ҷамъиятии навро ба қайд мегирем ва шумораи ташкилотҳои нав ба қайдгирифташуда кам нашудааст”.

Гузоришгарон ҳамчунин навиштаанд, ки саҳми давлати Тоҷикистон дар маблағгузории СҶШ ҳанӯз ночиз аст ва 90 дарсади сармоязоро ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз созмонҳои хориҷӣ дарёфт мекунад. Бо ин ҳам ба таъкиди муаллифон давлати Тоҷикистон бештар ҳамон ташкилотҳои ғайридавлатиеро маблағгузорӣ мекунад, ки худаш таъсис додааст: “дар аксари мавридҳо танҳо ташкилотҳои ғайридавлатии аз ҷониби худи давлат ташкил шуда (GONGO), аз маблағгузории давлатии иҷтимоӣ баҳраманд мегарданд... Марказҳои татбиқи лоиҳаҳо дар чорчӯбаи фаъолияташон зери вазорату идораҳои гуногуни давлатӣ идоракунии маблағгузории грантҳое, ки аз ҷониби институтҳои молиявии ба мисли Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии рушд, Бонкии Аврупоии рушду таҷдид ҷудо мешаванд, ба ӯҳда доранд. Марказҳои татбиқи лоиҳаҳо тибқи талаботи донор амал намуда, барои амалигардонии мақсадҳои лоиҳавӣ ҳуқуқи ба кор ҷалб кардани СҶШ-ро дорад. Барои мисол, сарфи назар аз он ки раванди тендергузаронӣ озод ва кушод аст, аз СҶШ талаб карда мешавад, ки 10 фоизи ҳаҷми умумии маблағи грантиро ба Маркази идоракунии лоиҳа пеш аз интихоби иҷрокунандаи кор пардохт намоянд. Созмонҳои ҷамъяитии аз ҷониби худи давлат ташкилшуда (GONGO) дар дастраскунии чунин маблағ музаффар мегарданд”.

Шамсиддин Каримов
Шамсиддин Каримов

Шамсиддин Каримов роҳбари Анҷумани миллии Ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон низ дар суҳбат ба радиои “Озодӣ” гуфт, ҳоло аксари созмонҳои байналмиллалӣ тариқи ниҳодҳои давлатӣ кумакҳои худро ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ равона мекунанд. Аммо ба таъкиди Каримов ниҳодҳои давлатӣ дар интихоби ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои иҷрои ин ё он тарҳ ва додани грант ба хилофкорӣ даст мезананд. Вай мегуяд: “ҳоло Бонки ҷаҳонӣ маблағҳои бузургро ба Вазоратҳои тандурустӣ, кишоварзӣ ва маориф медиҳад. Ин вазоратҳо баъди дарёфти ин кумакҳо дар ҳол сохторҳои худро таъсис медиҳанд, ки гӯё масъули беҳтар амалӣ шудани ин тарҳҳо ҳастанд. Онҳо барои иҷро кардани талаботҳои созмонҳои байналмилалӣ ҳатто дар як шабонарӯз ташкилотҳои ба ном ғайридавлатиро таъсис медиҳанд. Ин созмонҳо аз тарафи як гурӯҳи одамон бо мақсадҳои ғаразнок таъсис дода мешаванд, ки аз онҳо бо номи ГОНГО ёд мекунанд”.

Ҷаноби Каримов афзуд, дар солҳои охир шумори ташкилотҳои ба ном “ғайридавлатӣ” ва ё ГОНГО зиёд мешавад. Вай мегуяд ба ҳайси роҳбари анҷмунаи ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон аз аъзоёни ин анҷуман даҳҳо шикоят мегирад, ки чи гуна созмонҳои наздик ба ниҳодҳои давлатӣ гранти навбатиро дарёфт кардаанд. Зимнан ин ҳамсуҳбати мо аз бурдани номи мушахаси чунин ташкилотҳо ва шумораи дақиқи онҳо ба далели паёмадҳои нохуши он парҳез кард.

Аммо ба таъкиди Каримов аз як су ба ин шакл дигар шудани шеваи тақсимоти грант ва хуруду реза шудани ҳаҷми онҳо ташкилотҳои ғайридавлатиро дар вазъи ногувори молӣ қарор додааст. Ба таъкиди ӯ ин шеваи тақсими грантҳо ва хилифкорӣ дар раванди тақсимот як навъ бадномкунӣ ва дискредитатсияи ниҳодҳои шаҳрвандии Тоҷикистон аст.

Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои давлати Тоҷикистон иддаи тақсимоти ноодилона ва ғайришафофи созмонҳои байналмиллалиро рад мекунанд ва мегуянд онҳо барои ҳар дирами харҷ кардаашон ба идораҳои дигари назораткунанда ҳисобот медиҳанд. Пажӯҳиши тозаи “Шохиси устувории ташкилотҳои ғайридавлатӣ”, дар соли 2013 ки бо сарпарастии USAID дар Тоҷикистон ва 60 кишвари дигари ҷаҳон анҷом дода шуда аст. Тибқи омори ахири Вазорати адлия ҳоло дар Тоҷикистон 2685 ташкилоти ғайридавлатӣ ба қайд гирифта шудаанд.

XS
SM
MD
LG