Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоиталабони Украина омодаи барқарории оташбас ҳастанд


Ҷудоиталабони тарафдори Русия рӯзи шанбеи 9 август дар ҳоле, ки ҳалқаи муҳосира алайҳи онҳо тангтар мешавад, эълом карданд, ки омодаи барқарории оташбас бо нерӯҳои давлатии он кишвар ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Александр Захарченко, нахуствазири ҷумҳурии худэълоннамудаи Донетск дар баёнияе гуфтааст, барои пешгирӣ аз рух доданир фоҷиаи инсонӣ дар Донбасс, онҳо омода ба барқарории оташбас ҳастанд. Донбасс унвони шомил ва густурда барои ҳавзаи фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар шарқи Украина аст.

Ӯ ҳушдор додааст, Донетск, ки дар чанд ҳафтаи гузашта ба саҳнаи аслии набардҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷудоиталабон табдил шудааст, бо камбуди об, хӯрок ва бебарқӣ рӯбарӯ мебошад. Ӯ ҳамзамон гуфтааст, ки нерӯҳои ҷудоиталаб ҳозиранд аз шаҳр дифоъ кунанд.

Рӯзномаи Киев Пост низ аз қавли сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Украина гуфтааст, ки тайи шабонарӯзи гузашта артиши он кишвар назорати чанд минтақа дар вилоятҳои Луганс ва Донетскро дар даст гирифтаанд. Луганск минтақаест, ки қисме аз он дар контроли ҷудоиталабон карор дорад.

Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, ҳукумати Украина дар сурати пазириши халъи силоҳ аз сӯи ҷудоиталабон, омодаи оташбас аст. Дафтари Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина ҳанӯз вокуниши расмӣ ба баёнияи Александр Захарченко нишон надодааст. Пеш аз ин дар рӯзи шанбе Киев гуфта буд, монеи фиристодани нерӯ аз Русия барои ҷудоихоҳон шудааст. Маскав ин иддаои Киевро "афсонаи хаёлӣ" номид.

Украина Русияро муттаҳам ба дахолат дар буҳрони он кишвар мекунад. Русия иттиҳомҳоро рад кард ва давлати Украинаро муттаҳам ба нодида гирифтани ҳуқуқи ақаллиятҳои рус мекунад. Кишварҳои ғарбӣ бинобар дахолати Русия дар ин бӯҳрон, таҳримҳое алайҳи Маскав ҷорӣ кардаанд. Русия низ дар вокуниш, воридоти бархе колоҳо аз онҳоро мамнуъ кардааст.

XS
SM
MD
LG