Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкониятҳои нави Тоҷикистон дар бозори меваи Русия


Дар пайи манъи воридоти себу ноки Лаҳистону Молдова, ширкатҳои Русия мехоҳанд камбуди меваҷотро аз ҳисоби меваҳои Тоҷикистон ҷуброн кунанд.

Аммо кишоварзони тоҷик мегӯянд, Тоҷикистон мисли солҳои қаблӣ себу ноки зиёд истеҳсол намекунад ва кишвар ҳатто наметавонад ниёзҳои худро ба меваи тар бароварда созад. Солҳои охир меваҳои Чину Покистону Эрон ба бозор ворид шуданд, ки нархи онҳо аз маҳсулоти дохилӣ арзонтар аст.

Валерия Василевская, масъули Анҷумани ширкатҳои воридкунандаи маводи ғизоии Русия- «Роспродсоюз» рӯзи 4 уми август дар сӯҳбат ба Радиои “Озодӣ” гуфт, ки “ширкатҳои воридкунанда мехоҳанд камбуди маҳсулоти мевигиро, ки аз кишварҳои Аврупо ба Русия ворид мешуд, аз ҳисоби меваҳои кишварҳои Осиёи Миёна ва аз ҷумла Тоҷикистон пур кунанд. Ҳамчунин шабакаи мағозаҳои тиҷоратӣ, ки маҳсулотро бевосита аз дасти аввал мехаранд, ҳавасман ҳастанд, ки меваҳои Тоҷикистонро харидорӣ кунанд”.

Хонум Василевская мегӯяд, ба иттиҳодияи “Роспродсоюз” беш аз 300 ширкати воридкунандаи маводи ғизои Русия шомил ҳастанд ва таваҷҷӯҳи ин ширкатҳо пас аз мамнӯъ шудани воридоти меваҷот аз Аврупо ба маҳсулоти кишварҳои Осиёи миёна, Туркия ва Эрон зиёд шудааст.

Руссия сар аз 21 уми июл воридоти меваҷот аз Молдова ва аз 1 уми август воридоти мева аз Полшаро манъ кард. Ҳар сол Полша дар ҳаҷми то як миллиард доллар ба Русия мева ворид мекард. Чиҳил дарсади себи фурӯшгоҳҳои Русия низ аз Полша ворид мешуд.

Мақомоти Тоҷикистон тоҷик ҳам мегӯянд, қатъи шудани воридоти меваҷот аз кишварҳои Аврупо ба Русия барои ширкатҳои содиркунандаи меваи Тоҷикистон шонси хуберо фароҳам овардааст. Ба таъкиди онҳо, ширкатҳои содиркунандаи меваи Тоҷикистон бо истифода аз ин фурсат бояд дар бозориҳои Русия ҷойгоҳ пайдо кунанд.

Умед Давлатзод, мувоини вазири Рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ин робита мегӯяд: “Эмбаргои меваҳои Полшаву Молдова аз сӯи Русия барои ширкатҳои содиротии Тоҷикистон шонси хуберо фароҳам овардааст, ки дар бозори Русия мавқеъ пайдо кунанд. Аз ин рӯ Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва намоядаҳои тиҷоратии мо барои пур кардани ҷойгоҳи Полшаву Молдова аз сӯи ширкатҳои Тоҷикистон дар Русия бояд фаъол бошанд. “

Ҷаноби Давлатзод афзуд, бо вуҷуди қатъи воридоти себу ноки Полшаву Молдова ба Русия, дар бозори меваҷоти Русия рақобат зиёд аст. Чунки ба таъкиди оқои Давлатзод, кишварҳои дигари Осиёи Миёна, ки низ мева истеҳсол мекунанд, барои пайдо кардани ҷойгоҳ дар бозори меваҳои Русия талош мекунанд ва аз ин рӯ ширкатҳои Тоҷикистон бояд бештар фаъол бошанд то қисме аз ин бозорро зери даст доранд.

Барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон барои даст ёфтан ба бозори меваҷоти Русия дар ҳолест, ки тоҷирон мегӯянд меваи истеҳсоли худӣ ҳатто барои қонеъ кардани талаботи дохилӣ кофӣ нест ва бисёре аз анвои меваҷот аз хориҷа ворид карда мешавад. Фирдавсбек Турғунов, мушовири (консултант) кишоварзии ширкати “САС Консалтинг”дар ин робита мегӯяд: “Мо ҳоло давр давоми сол харидорони дохилиро бо себ таъмин карда наметавонем чӣ расад ба содироти он. Чунки мо маконҳои нигоҳдории мева надорем. Ғайр аз ин он навъи себҳое, ки Полша истеҳсол мекунанд, муддати зиёд вайрон намешавад ва ин барои интиқоли он хеле мувофиқ аст.”

Турғунов мегӯяд, дар Полша боғҳои “интенсивӣ” ё парвариши босуръат бунёд шудааст, ки дарахтонаш бамаротиб серҳосиланд ва нархи меваи онҳо нисбат ба Тоҷикистон арзонтар аст. Вай меафзояд, барои рақобат кардан бо Полша Тоҷикистон низ бояд ҳамин гуна навъҳои себро ворид карда парвариш кунад. Танҳо баъдан мешавад мавзуъи содироти себ ба хориҷ аз кишвар матраҳ кард.

Зимнан, ба таъкиди Турғунов, содиркунандагони меваҷот аз Тоҷикистон дар интиқоли он ба Русия ҳам тариқи роҳи оҳан ва ҳам нақлиёти автомобилӣ мушкилии зиёд доранд. Ба гуфтаи вай, ҳангоми убури марзҳои кишварҳои ҳамсоя, комюнҳои ҳомили мева зиёд нигоҳ дошта мешавад, ки гоҳо боиси вайрон шудани меваҳо низ мешавад.

Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта нархи себ 52, 2 дарсад, бештар аз ним баробар гарон шудааст. Дар соли гузашта тибқи додаҳои оморӣ дар Тоҷикистон ба ҷуз ангур ҳамагӣ 31 ҳазору 474 тонна меваҷот истеҳсол шудааст, ки қариб 80 дарсади талаботи аҳолии кишварро бароварда месозад.

Тоҷикистон то солҳои 90-ум на танҳо ниёзи мардумашро бо навъҳои гуногуни себ дар дохил таъмин мекард, балки 30 дарсади ноку себу растаҳои мевафурӯшии Русияи шӯравиро таъмин мекард. Боғдорони ботаҷриба мегӯянд, ки себи Тоҷикистон аз меваҳои дӯстдоштаи мардуми Русия буд.

Бинобар муҳоҷирати бесобиқаи мардон аз манотиқи боғапарвари Тоҷикистон назири ноҳияи Рашт дар солҳои ахир, павариши себ коҳиш ёфтааст. Ин аст ки бинобар рақамҳои ахири оҷонсии омори Тоҷикистон маҳз нархи себ дар соли 2013 аз ҳама маҳсулоти дигар дида гаронтар шудааст. Ҳоло себ дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон аз 7 то 15 сомонӣ қиммат дорад.

XS
SM
MD
LG