Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони тоҷик. Пештар "СССР", ҳоло парчами Амрико


Парчами Амрико ва Бритониёро имрӯз дар кӯчаҳои Душанбе дар сару либос, махсусан дар футболка ва ё нимтанаҳои бахши чашмраси ҷавонписарону духтарон ва наврасону хурдсолон тоҷик дидан мумкин аст.

Таваҷҷӯҳи ҷавонону наврасони тоҷик дар пӯшиши сару либос ба исму парчамҳои кишварҳои ғарбӣ дар ҳолест, ки қаблан пӯшидани футболкаҳо бо навиштаҷоти «СССР» «Россия» «Доғистон» ва ҳам аксҳои «Бен Ладен» мӯд буд. Тоҷирони тоҷик мегӯянд, либосҳо бо рамзи парчамҳои Амрико ва Бритониё ҳанӯз аз 3 сол пеш вориди бозорҳои Тоҷикистон шудаанд, аммо дар як соли охир ин мӯд авҷ гирифта, имрӯз ин нимтанаҳо дар бозор харидори хеле зиёд доранд.

Умедҷон, як тоҷири фурӯшгоҳи «Садбарг», ки аксари нимтанаҳои занона дар мағозаи ӯ ҳам дар худ рамзи парчами ин кишварҳоро дорад, мегӯяд, ин либосҳоро ӯ аз Чин ва Туркия ворид месозад. Ӯ мегӯяд, як сабаби муд шудани футболкаҳо бо парчами Амрикову Бритониё ин ба нуфузи зиёди ин кишварҳо дар миёни насли ҷавони тоҷик рабт дорад. Умедҷон меафзояд: «Ҳозир агар парчам ё исми СССР ё Русияро пешниҳод кунӣ, ҷавонон намепӯшанд, ҳозир интихоб сари ин кишварҳои ғарбӣ аст. Ҳозир ҷавонон аксарият орзу мекунанд, ки дар Амрико ва Лондону дигар кишварҳои аврупоӣ таҳсил кунанд. Дар як рӯз мо то 10 чунин футболкаҳоро мефурӯшем. Духтарҳои ҷавон ин либосҳоро мехаранд.»

T
T

Дар воқеъ майли ҷавонон ба зиндагии беҳтар ва орзуи таҳсил дар Амрикову дигар кившарҳои ғарбӣ ба интихоби онҳо дар сару либос ҳам сахт таъсир кардааст. Аммо маъмулан нақши тоҷирон низ дар муд шудани ин навъи нимтанаҳо кам нест. Бархе аз тоҷирон мегӯянд, онҳо ин либосҳоро ҳам бо таваҷҷӯҳ ба муди кившарҳои дигар ба Тоҷикистон меоранд. Дар зимн на ҳамаи ин наврасону ҷавононе, ки дар тан футболкаҳо бо парчами Амрикову Бритониёро доранд, дар бораи худи ин кишварҳо маълумоти зиёд надоранд. Аммо ба ҳар ҳол, медонанд, ки дар либоси танашон чӣ тасвир ёфтааст.

Аз Дилшода -- духтари наврасе, ки бо модараш дар яке аз бозорҳои пойтахт, футболкаеро бо рамзи Бритониё интихоб мекард, пурсидем, ки чаро интихобаш рӯи чунин нимтанаҳо қарор гирифтааст. «Ҳама ҳамин хел мепӯшанд, ман ҳам хостам чунин либос дошта бошам. Ин парчами Бритониё аст, ман дар бораи ин кишвар камтар маълумот дорам. Аммо ин тасвираш бароям бисёр писанд аст ва барои ҳамин мехарам.»

Замира -- модари Дилшода мегӯяд, наврасону ҷавонон аксаран ба ҳамдигар дар сару либос тақлид мекунанд ва ба қавли ӯ, ҳоло ба фарқ аз солҳои пеш завқи пӯшиши наврасону ҷавонон хеле тағйир кардааст: «Ин

як муд аст, духтарам бисёр мехост чунин як нимтана дошта бошад, маҷбурам кард омадем бозор ва мехарем. Онҳо якдигарро мебинанд ва ё дар интернет мебинанд, ки ҷавонон одатан чӣ гунна либос мепӯшанд ва мехоҳанд, ки худ дошта бошанд.»

Тарғиби ин ё он кишвар, ва ё рамзҳои парчами кишварҳои ғарбӣ дар либоси ҷавонону наврасони тоҷик, ба гунаҳои мухталиф арзёбӣ мешавад. Рустам Маҷидов, як таҳлилгари тоҷик мегӯяд, бо афзоиш ёфтани ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия ва чанд тағйироти дигар дар рафтуои тоҷикон ба Русия, назари наврасону ҷавонони тоҷикро ҳам, ки зиндагиашон ба муҳоҷират сахт вобастааст, то андозае нисбати ин кишвар тағйир додааст. Ба андешаи вай, ҳоло аксари ҷавонон ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Амрикову Британияи Кабир таваҷҷӯҳ доранду ин давлатҳоро шоистаи зиндагӣ медонанд.

"Ба ҳар ҳол ин кишварҳо кишварҳои пешрафта ҳастанд ва ҳар ҷавон орзу мекунад дар кишваре мисли Амрико зиндагӣ кунад ва имконоте мисли ҷавонони ин кишвар дошта бошанд. Барои ҳамин дар интихоби либос ҷавонон ба рамзҳои кишварҳои Ғарб бештар таваҷҷӯҳ мекунанд. Барои мисол, либосҳо бо рамзҳои Тоҷикистон ва манотиқи гуногуни Тоҷикистон ҳам дар фурӯш зиёданд, аммо ин қадар зиёд ба фурӯш намераванд."

Рустам мегӯяд, бозиҳои сиёсӣ ё муносибатҳои байни кишварҳо ҳам ба фарҳанг ва сару либоси таъсиргузор аст. Аммо Нафиса Имронова, тарроҳи тоҷик дар тарғиб шудани исму рамз ва парчамҳои давлатҳои хориҷ дар сару либоси ҷавонони кишарҳое мисли Тоҷикистон, нақши тарроҳони он давлатҳоро бузург медонад. Нафиса мегӯяд, тарроҳони хориҷӣ маҳз ба хотири тарғиби кишварҳои худ,чунин кору тарҳи либосро вориди бозор мекунанд.

"Дар хориҷ тарроҳон патриоти кишвари худ ҳастанд. Онҳо бо ин роҳ давлатҳои худро тарғиб мекунанд ва тоҷирони кишварҳое мисли мо ҳам онҳоро харидорӣ ва муд мекунанд. Барои он, ки дар Тоҷикистон ҳам мудро тарроҳон муайян кунанд, бояд давлат тароҳҳонро дастгирӣ кунанд, шароит фароҳам созанд. Ҳоло мо чунин имкониятҳоро надорем, барои ҳамин ҳар чизе, ки тоҷир овард он муд мешавад."

Ин тарроҳи ҷавони тоҷик аз пӯшиши наврасону ҷавонони маркази шаҳр пуштибонӣ мекунад ва мегӯяд, завқи либоспӯшӣ дар солҳои ахир боло рафтааст. Ба қавли Нафиса Имронова, аммо дар минтақаҳои дигари кишвар ҳоло мардум бештар дар фикри кору пешбурди зиндагии худанд ва барояшон муҳим на тарҳу дӯхт ва муди либос, балки арзиши он аст.

XS
SM
MD
LG