Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон ва Қазоқистон


Федератсионҳои футболи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бораи баргузории бозии байналмилалии дӯстона байни тимҳои миллии ҳарду кишвар ба мувофиқа расидаанд.

Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллии Қазоқистону Тоҷикистон рӯзи 12-уми август дар шаҳри Алмаато баргузор мешавад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд тазаккур дод, ки то ҳоло мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев чор бозии дӯстона кардааст. Футболбозони тоҷик дар се бозии дӯстона бар тимҳои миллии Ҳиндустон (3-0), Қирғизистон (4-1) ва Афғонистон (1-0) пирӯз шуда, аз дастаи Эстония бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрданд.

Дастаи мунтахаби Қазоқистон бошад, бо раҳбарии мутахассиси русиягӣ Юрий Красножан бозии севумашро анҷом хоҳад дод. Дарвоқеъ, мунтахаби Қазоқистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Аврупо-2016 дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Ҳолланд, Ҷумҳурии Чех, Туркия, Латвия ва Исландия бозӣ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА дар мақоми 124-ум ва Қазоқистон дар мақоми 127-ум қарор доранд. Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Қазоқистон ҳамагӣ бо ҳам се бозӣ кардаанд. Ду бозӣ ба фоидаи футболбозони қазоқ анҷом ёфта, як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ба охир расидааст.

Ёдовар мешавем, ки пеш аз бозӣ бо мунтахаби Қазоқистон, футболбозони тоҷик рӯзи 8-уми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо мунтахаби Малайзия бозии дӯстона анҷом медиҳанд.

Натоиҷи бозиҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қазоқистон

11.04.1994 – Мусобиқаи байналмилалӣ. Тошканд. Тоҷикистон – Қазоқистон – 0:1.

02.07.2006 – Бозии дӯстона. Алмаато. Қазоқистон – Тоҷикистон – 4:1 (Комил Саидов, 75).

08.09.2007 – Бозии дӯстона. Алмаато. Қазоқистон – Тоҷикистон – 1:1 (Комил Саидов, 42).

XS
SM
MD
LG