Дар дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Эрлан Абдилдаев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон таъкид шудааст, ки баҳси марзӣ миёни ду кишвар бояд аз роҳҳои дипломатӣ ҳал гардад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон шоми рӯзи панҷшанбеи 31 июл баргузор шуд. Вазири корҳои Қирғизистон рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе дар нишасти корҳои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Душанбе ширкат кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот масоили вобаста ба таҳкими муносиботи ҳамсоягӣ, ҳалли мушкилоти марзию ҳудудӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва савдо, нақлиёту боркашонӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд. Ин манбаъ афзуд, ки "таъкид гардид, ки барои таҳкими дӯстии миёни ду ҳамсоякишвар, ҳалли масоили баҳсталаб аз тариқи василаҳои дипломатӣ, пешгирӣ аз низоъҳои алоҳидаи марзӣ миёни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияҳои вилояти Бодканди Қирғизистон аз тамоми имконоти мусоид бояд пурсамар истифода бурд."
Ҳамчунин дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон таъкид бар он шуд, ки шарикии пурсамари минтақавии Тоҷикистону Қирғизистон бояд халалнопазир боқӣ монад.