Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовӣ ва бурди «Истиқлол» дар ду бозии санҷишӣ


Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бозиро бо тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 0-0 анҷом дод ва бар ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 3-0 пирӯз шуд.

Ин ду бозии санҷишӣ дар доираи омодагии бошгоҳҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон ба давраи дувуми мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар дар варзишгоҳи Академияи футболи бошгоҳи «Истиқлол», дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор, барпо гардид.

Бозии аввали санҷишӣ байни «Истиқлол» ва «Хайр» рӯзи 18-уми июл баргузор шуд. «Хайр» дар ин бозӣ бо раҳбарии мутахассиси беларус Пётр Качуро, сармураббии нави даста, ба майдон омад. Ҳарчанд ҳарду даста вазъиятҳои хуби голзанӣ доштанд, ин бозии пуршиддату шавқангез бидуни гол хотима ёфт.

Бозии дувуми санҷиширо «Истиқлол» бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев рӯзи 21-уми июл бо ССКА «Помир» анҷом дод. «Истиқлол» - пешсафи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар, ба дарвозаи рақибаш – ССКА «Помир», ки дар айни ҳол дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи охирин қарор дорад, се голи беҷавоб зад. Ҳар се голро Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Эргашев ва Ромиш Ҷалилов, бозигарони мунтахаби миллии Тоҷикистон, ба ҳадаф расонданд.


Бозиҳои санҷишӣ


«ИСТИҚЛОЛ» - «ХАЙР» - 0:0

«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев (Эмомалӣ Сониев, 81), Эраҷ Раҷабов (Соҳиб Саванқулов, 70), Сиёвуш Асроров (Наим Ӯлмасов, 46), Глаубер Да Силва (Дэвид Маутор, 46), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Ромиш Ҷалилов (Ҷаҳонгир Эргашев, 31), Умедҷон Шарифов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 46), Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Ҷамшед Махсумов, 80), Дилшод Восиев, Аҳтам Назаров (Алишер Сафаров, 46).

«Хайр» (Ваҳдат): Анатолий Старушенко, Далер Шарифов (Бурҳон Улфатшоев, 81), Идибек Ҳабибуллоев, Баҳодур Шарифов (Субҳон Забиров, 68), Менсаҳ Даниэл Абам, Маҳмадалӣ Содиқов, Амирбек Ҷӯрабоев, Алишер Ӯлмасов (Парвиз Ҳамидов, 72), Фирӯз Шамсиев (Шарафҷони Раҷабзод, 62), Айдох Наполеон, Мӯҳсинҷон Парпиев (Умар Бобокалонов, 57).

Огоҳонида шуданд: Нуриддин Давронов, Ромиш Ҷалилов, Дилшод Восиев («Истиқлол»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

18-уми июл. Ҳисор. Варзишгоҳи Академияи КФ «Истиқлол».

«ИСТИҚЛОЛ» - ССКА «ПОМИР» - 3:0

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 60 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 70 (2:0). Ромиш Ҷалилов, 87 (3:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев (Эмомалӣ Сониев, 75), Эраҷ Раҷабов (Алишер Сафаров, 46), Сиёвуш Асроров (Глаубер Да Силва, 46), Наим Ӯлмасов (Дэвид Маутор, 46), Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Ҷаҳонгир Эргашев (Ҷамшед Махсумов, 76), Нуриддин Давронов (Соҳиб Саванқулов, 46), Хуршед Маҳмудов, Дилшод Восиев (Фатҳулло Фатҳуллоев, 46), Комил Саидов (Умедҷон Шарифов, 46).

ССКА «Помир» (Душанбе): Лауд Куартей (Азимҷон Қараев, 77), Павел Калугин (Ҷозеф Боатенг, 53), Субҳон Хоҷамов (Салим Иззатзода,76), Фирдавс Чақалов, Руслан Тиллоев, Шамсиддин Қосимов, Фаридун Шарифов, Комрони Мирзонаҷот (Фирӯз Раҷабов, 75), Абдулло Саидов, Алия Силла, Беҳзод Шарифов (Обид Исмоилов, 60).

Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров, Нуриддин Давронов («Истиқлол»), Павел Калугин, Алия Силла, Фирдавс Чақалов (ССКА «Помир»).

Сардовар: Сайёд Зайниддинов (Душанбе).

21-уми июл. Ҳисор. Варзишгоҳи Академияи КФ «Истиқлол».

XS
SM
MD
LG