Чунон ки пештар хабар дода шуда буд, ин мусобиқа мебоист дар пойтахти Шри-Ланка – Коломбо - баргузор мешуд, вале баъдтар ин кишвар аз мизбонии мусобиқа даст кашидааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон (ФФТ), Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) рӯзи 16-уми июл дар як номаи худ ба унвони ФФТ хабар додааст, ки мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2015 дар гурӯҳи “А” аз 4-ум то 13-уми октябр дар Фаластин баргузор мешавад.
Дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2015 ҳамагӣ 21 даста: 12 –то дар минтақаи Ғарб ва 9–то дар минтақаи Шарқ ширкат мекунанд.
Мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-16) бар асоси қуръакашӣ дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Узбакистон, Шри-Ланка, Баҳрайн, Фаластин ва Қирғизистон рақобат мекунад.
Мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов нахустин бозиашро 4-уми октябр бо дастаи мизбон – Фаластин - анҷом медиҳад. Баъдан футболбоздухтарони тоҷик 6-уми октябр бо тими Баҳрайн, 8-уми октябр бо мунтахаби Узбакистон ва 11-уми октябр бо тими Шри-Ланка бозӣ мекунанд. Бозии охирини мунтахаби Тоҷикистон дар марҳалаи интихобӣ 13-уми октябр бо дастаи Қирғизистон баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки ғолибони ҳар чаҳор гурӯҳ ба марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2015 роҳхат мегиранд. Дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Кореяи Шимолӣ, Чин ва Тайланд аз даври интихобӣ озоданд ва ба сабқати ниҳоӣ мустақим роҳ ёфтаанд.
Натоиҷи қуръакашии даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2015 байни дастаҳои мунтахаби занона (U-16):
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: Шри-Ланка, Узбакистон, Баҳрайн, Фаластин, Қирғизистан, Тоҷикистон.
Гурӯҳи «В»: Бангладеш, Эрон, Урдун, Ҳиндустон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар.
Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «С»: Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳонконг, Ҷазоири Шимолии Мариан, Ветнам.
Гурӯҳи «D»: Тайван, Мянмар, Филиппин, Камбоҷа.
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»:
Даври 1-ум
4 октябр (шанбе)
Баҳрайн – Шри-Ланка
Фаластин – Тоҷикистон
Узбакистон – Қирғизистон
Даври 2-юм
6 октябр (душанбе)
Шри-Ланка – Қирғизистон
Узбакистон – Фаластин
Баҳрайн – Тоҷикистон
Даври 3-юм
8 октябр (чоршанбе)
Қирғизистон – Баҳрайн
Тоҷикистон – Узбакистон
Шри-Ланка – Фаластин
Даври 4-ум
11 октябр (шанбе)
Фаластин – Қирғизистон
Тоҷикистон – Шри-Ланка
Узбакистон – Баҳрайн
Даври 5-ум
13 октябр (душанбе)
Қирғизистон – Тоҷикистон
Баҳрайн – Фаластин
Шри-Ланка – Узбакистон