Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виллер Оливейраи бразилӣ "Истиқлол"-ро тарк намуд


Виллер Соуза Оливейра, ҳамлагари 34-солаи бразилӣ, баъди якуним соли ҳунарнамоияш дар мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, боз ба бошгоҳи пешинаш – “Халконес”-и Гватемала баргашт.

Ёдовар мешавем, ки Оливейра авоили соли 2013 ба бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе пайваста буд. Вай дар ин муддат ҳамроҳи «Истиқлол» барандаи Ҷоми Тоҷикистон, Ҷоми ФФТ ва Ҷоми олии кишвар гардида, инчунин, бо медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон- 2013 мукофотонида шудааст.


Масъулони бошгоҳи футболи "Истиқлол" мегӯянд, Оливейра рӯзҳои наздиктарин дар ҳайати тими «Халконес» ба тамрин шурӯъ мекунад ва рӯзи якшанбе, 20-уми июл, дар даври аввали чемпионати Гватемала дар бозии хонагӣ муқобили тими «Комуникасионес» ширкат хоҳад кард.

Виллер Соуза Оливейра 18-уми ноябри соли 1979 таваллуд шудааст. Дар дастаҳои зерин бозӣ кардааст: «Итапипока Эшпорте» (Бразилия, 1999-2001), «Индепенденте» (Аргентина, 2001) , «Анжӣ» (Махачқалъа, 2002-2004), «Динамо» (Брянск, 2004-2005), «Луч-Энергия» (Владивосток, 2005-2006), ФК «Орёл» (2006), «Судува» (Литва, 2007, «Сморгон» (Беларус, 2008), «Форталеза», «Ферровиарио», «Горизонт» (Бразилия, 2009), «Алянса» (Салвадор, 2010), «Вигра» (Лаҳистон ё Полша, 2011). Оливейра пеш аз ба Тоҷикистон омадан дар мусобиқаи қаҳрамонии Гватемала бозӣ мекард.


XS
SM
MD
LG