Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар феҳрасти ҷаҳонии футзал - дар ҷойи 62-юм


.
.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳрасти нави ҷаҳонӣ дар ҷойи 62-юм қарор дорад.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби Осиё дар зинаи 13-ум ҷойгир шудааст. Дар байни дастаҳои мунтахаби Осиё тими миллии Эрон пешқадам аст. Мунтахаби Ҷопон дар мақоми дувум ва тими Тайланд дар мақоми севум қарор доранд.

Дар феҳрасти ҷаҳонӣ, ки он дар сомонаи интернетии Созмони байналмилалии футзал нашр шудааст, мунтахаби Бразил дар ҷойи аввал, Испания дар ҷойи дувум ва Италия дар ҷойи севум мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати ниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё -2014, ки аз 30-юми апрел то 10-уми май дар шаҳри Ҳошимини Вйетнам баргузор шуд, дар ҳарсе бозиаш аз тимҳои Кувайт (0:5), Ветнам (4:10) ва Ироқ (1:6) шикаст хӯрд ва бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуда, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Баъди ин нокомӣ сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон Дамир Камолиддинов аз вазифааш сабукдӯш шуд. Мунтахаби Тоҷикистон соли оянда дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 бо раҳбарии сармураббии нави даста Ҳусейн Шодиев ширкат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG