Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ИДМ оид ба дзюдо


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) оид ба дзюдо байни Қувваҳои Мусаллаҳ, ки аз 15-ум то 18-уми июл дар Ереван (Арманистон) баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Ба ҷуз варзишгарони тоҷик, дар ин мусобиқа дзюдочиёни Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба ҳайати мунтахаби кишвар панҷ варзишгар - Хушқадам Хисравов (60 кг), Шердил Боқиев (66 кг), Ҷаҳонгир Толибов (73 кг), Зайналобуддини Аъзамхон (81 кг) ва Фурқат Назриев (100 кг) - шомиланд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дастаи мунтахаби Тоҷикистон ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии артишҳои дӯсти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар риштаи дзюдо гардида буд.

Ин мусобиқа, ки рӯзи 3-юми сентябр дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон баргузор шуд, ба ҷашни 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10-солагии таъсисёбии Кумитаи варзиши назди Шӯрои вазирони дифои кишварҳои ИДМ ва 22-солагии истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шуда буд. Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар ҳафт вазн рақобат карданд.

Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми аввал, дастаи Арманистон дар мақоми дувум ва тими Қирғизистон дар мақоми севум қарор гирифтанд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ Адилет Ботакалов (-60 кг, Қирғизистон), Нерҷан Калтаев (-66 кг, Қазоқистон), Артур Ероносян (-73 кг, Арманистон), Мегер Карапетян (-81 кг, Арманистон), Абубакр Зоиров (-90 кг, Тоҷикистон), Дадохон Қурбоналиев (-100 кг, Тоҷикистон) ва Абубакр Раҳмонов (+100 кг, Тоҷикистон) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Ба иттилои Ерлан Таласбаев, раиси Кумитаи варзиши назди шӯрои вазирони дифои кишварҳои ИДМ, “ҳадаф аз баргузории ин мусобиқот, пеш аз ҳама, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобила миёни артишҳои дӯст мебошад. Бинобар ин чорабиниҳои мо таҳти шиори “Дӯстӣ тавассути варзиш” доир мешаванд. “

XS
SM
MD
LG