Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия рӯзи 8-уми август дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 18:00 шурӯъ мешавад. Дарвоқеъ, ин аввалин бозӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки дар рейтинг ё феҳрасти ФИФА дар ҳамин ҳол Малайзия бо 149 имтиёз дар мақоми 153-юм ва Тоҷикистон бо 229 имтиёз дар мақоми 126-ум қарор доранд.
Бозии дӯстона бо Малайзия барои мунтахаби Тоҷикистон дар мавсими имсола севум мешавад. Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев 4-уми май дар Душанбе дар бозии дӯстона бар тими миллии Афғонистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Вале футболбозони тоҷик 7-уми июн дар Таллин аз мунтахаби Эстония бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд.
Баъди бозӣ бо Малайзия мунтахаби Тоҷикистон бо т ми миллии Беларус бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозӣ 4-уми сентябр дар варзишгоҳи нави бошгоҳи футболи БАТЭ «Борисов-Арена», ки маросими кушоиши он 3-юми майи соли равон баргузор шуд, барпо мегардад.