Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагӣ ба Ҷоми Созмони ҳамкории Шонҳой дар Душанбе


Имрӯз, 4-уми июл, дар Душанбе, дар як ҷаласаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ҷараёни омодагӣ ба мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол байни наврасон барои Ҷоми Созмони ҳамкории Шонҳой баррасӣ шуд.

Дар ин ҷаласа раҳбарону намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши кишвар ширкат доштанд.

Аҳтам Рустам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, нахуст дар бораи натоиҷи баррасии масъала оид ба рафти иҷрои Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012-2016 дар ҷаласаи охирини Ҳукумати Тоҷикистон, иттилоъ дод. Вай гуфт, “Барномаи мазкур дар асоси супориши президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо варзишгарони кишвар, ки 20-уми декабри соли 2010 баргузор шуда буд, таҳия, қабул ва мавриди татбиқ қарор гирифтааст. Ин Барнома ба рушди футбол дар кишвар мусоидат мекунад. Соли 2014 дар Тоҷикистон Соли футболи оммавӣ эълон шудааст. Ин ташаббуси Федератсияи футболи кишвар, бешак, ба болоравии маъруфияти футбол ва рушди он дар ҷумҳурӣ таъсири мусбат мерасонад.”

Вале, афзуд ҷаноби Абдуллозода, то ҳоло 7 банди Барномаи рушди футбол, минҷумла футболи кӯдакону наврасон, ба иллати камбуди маблағ амалӣ нашудааст.

- Бинобар ин дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон Вазорати молияи кишвар муваззаф шуд, ки барои рушди минбаъдаи футбол бар асоси ин барнома маблағи зарурӣ ихтисос бидиҳад. Инчунин, мо, масъулини соҳа низ бояд барои рушди минбаъдаи футбол дар ҷумҳурӣ ва комилан иҷро шудани ин барнома аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда васеъ истифода барем”, - таъкид намуд ҷаноби Абдуллозода.

Баъдан раҳбари соҳаи варзиши кишвар иброз дошт, ки аз 17-ум то 23-юми август дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, барои аввалин бор мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол байни наврасон барои Ҷоми Созмони ҳамкории Шонҳой баргузор мешавад.

Ин мусобиқа ба нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонҳой, ки моҳи сентябр дар Душанбе доир мегардад, бахшида шудааст. Дарвоқеъ, масъулияти раёсати ҷаласаи навбатии ин созмонро Тоҷикистон бар ӯҳда дорад.

Ба мусобиқа дастаҳои наврасони синнашон 16-17-сола аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонҳой – Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Чин - даъват шудаанд.

Дар ҷаласа Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар оид ба ташкил ва баргузории ин мусобиқа тасдиқ шуд. Инчунин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Ҷоми СҲШ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он раҳбарону намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, Федератсияи футболи кишвар ва Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон дохил шуданд.

XS
SM
MD
LG