Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Украина амалиётро шиддат бахшиданд


Нерӯҳои давлатии Украина амалиёт барои маҳви ҷудоихоҳони тарафдори Русияро шиддат бахшидаанд. Баъди хотимаи оташбаси 10-рӯза, ки шоми 30-уми июн ба поён расид, ҷанг миёни ду тараф авҷ гирифт ва рӯзи 3-уми июл як посгоҳи марзии Русия бар асари таркиши норинҷак осеб дид. Дар Берлин, вазирони умури хориҷии Украина, Русия, Олмон ва Фаронса рӯзи 2-уми июн ба мувофиқа расиданд, ки ду тараф дигарбора оташбас эълон кунанд ва гуфтугӯҳо дар ин бора бояд на дертар аз рӯзи 5-уми июл шурӯъ шавад. Дигар ин ки Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, Валерий Ҳелетей, раиси Хадамоти муҳофизони давлатиро вазири дифоъ ва генерал Виктор Муженко, афсари собиқи шӯравиро раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Украина таъйин кард. Ҳангоми эълони таъйинот ӯ қавл дод, ки “дуздону қаллобонро” аз артиши Украина берун мекунад.

XS
SM
MD
LG