Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми кишвар дастаҳои шаҳри Душанбе - DISI, «Бонки миллӣ», «Газпром» ва «Динамо», инчунин тимҳои вилояти Суғд - «Эсхата», «Сипар», «Имон Интернешнл» ва «Ал-Маъруф» - роҳ ёфтанд.
Қуръакашии марҳалаи ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 4-уми август дар Хуҷанд барпо мегардад. Дар марҳалаи ниҳоӣ дастаҳо ба ду гурӯҳи ҳар кадом иборат аз чаҳор даста тақсим мешаванд.
Давраи гурӯҳӣ аз 5-ум то 7-уми август доир хоҳад шуд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 9-уми август, бозии ниҳоӣ 10-уми август баргузор мешаванд. Ҳамаи бозиҳо дар "Қасри варзиш"-и шаҳри Хуҷанд барпо мегарданд.