Имрӯз, 25-уми июн, мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар нахустин бозиаш дар Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон дар Остона бар дастаи Озарборйҷон бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард.
Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Муҳаммадҷон Шарифов ва Худойдод Узоқов ба самар расонданд.
Мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон дар пойтахти Қазоқистон – Остона – бо ширкати 6 даста дар ду гурӯҳ ҷараён дорад. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои Гурҷистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, ба гурӯҳи «В» Испания, Озарбойҷон ва Тоҷикистон дохиланд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозии дувумашро 26-уми июн бо мунтахаби Испания анҷом медиҳад.
Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ба ҳайати даста 18 бозигар, аз он ҷумла 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд. Ин мусобиқа барои мо як давраи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 маҳсуб мешавад. Бачаҳои мо боз имкон пайдо карданд, ки таҷоруби хуби байналмилалӣ касб кунанд.»
Маблағи ҷавоизи мусобиқа 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб 10 ҳазор доллар мегирад. Барои ҷойи дувум 6 ҳазор ва барои ҷойи севум 4 ҳазор доллари ИМА муқаррар шудааст.
Ҳайати мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16):
Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Нури Норак»), Шаҳром Исмоилов («Вахш»).
Ҳимоятгарон: Сироҷиддин Гулмуродов, Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир (ҳарду – «Истиқлол»), Абубакр Азимов («Равшан»), Алишер Баротов («Вахш»), Зоир Ҷӯрабоев (ССКА «Помир»).
Нимҳимоятгарон: Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов (ҳарду – «Вахш»), Ҳокимҷон Ҳасанов («Энергетик»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Равшан»), Шаҳбози Шарифӣ (РШВСМ), Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).
Ҳамлагарон: Собирҷон Гулаков, Рустам Толибов, Муҳаммадҷон Шарифов (ҳама – РШВСМ), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»).
Сармураббӣ: Салоҳиддин Ғафуров.
Тақвими бозиҳои Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон -2014
Даври 1-ум
25 июн (чоршанбе)
11.00 - Озарбойҷон - Тоҷикистон – 1-2
18.00 – Қазоқистон - Қирғизистон
Даври 2-юм
26 июн (панҷшанбе)
15.00 – Гурҷистон - Қазоқистон
18.00 – Тоҷикистон – Испания
Даври 3-юм
27 июн (ҷумъа)
15.00 – Испания – Озарбойҷон
18.00 – Қирғизистон – Гурҷистон
29 июн (якшанбе)
11.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум
13.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум
18.00 – Финал
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.