Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии «Вахш» бо «Регар-ТадАЗ» дар Қӯрғонтеппа


Бозии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби мусовии 1-1 ба анҷом расид.

Бозии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо «Регар-ТадАЗ», ки қаблан мавқуф гузошта шуда буд дар даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 17-уми июн, дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд.

Кароматулло Саидов, нимҳимоятгари «Вахш» ва узви дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, дар дақиқаи 16-ум ҳисобро боз кард. Вале мизбонон ин ҳисобро нигоҳ дошта натавонистанд. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 77-ум, ба ҳамлагари меҳмонон Фирӯз Раҳматов муяссар шуд, ки тӯбро бо сараш вориди дарвозаи «Вахш» карда, ҳисобро баробар намояд.

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ гурӯҳи доварон бо раҳбарии Насрулло Кабиров, довари ФИФА, аз шаҳри Норак ба хатоҳои зиёд роҳ дод ва боиси нигаронии футболбозону мураббиён ва мухлисон гардид. Дар натиҷа сардовар Насрулло Кабиров аз ҷониби нозири ин бозӣ Раҳмон Муртазоев (Душанбе) баҳои паст гирифт.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқот “Истиқлол”-и Душанбе бо 22 имтиёз пешсаф мебошад ва ягона дастаест, ки то ҳоло бохт надорад. «Истиқлол», сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои даври 9-ум ва охирини марҳалаи аввали мусобиқот, ки рӯзи шанбеи 21-уми июн баргузор хоҳанд шуд, дар давраи якум барои рақибонаш дастнорас гаштааст.

Барои ҷойҳои дувуму севум се даста - «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Хайр»-и Ваҳдат - талош доранд. Дар ҳамин ҳол «Хуҷанд» бо 15 имтиёз дар ҷойи дувум аст. Дастаҳои «Хайр» ва «Парвоз» бо 13-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чорум ҷойгир шудаанд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Дилшод Восиев, ҳамлагар ва капитани «Истиқлол», дар ҷойи аввал мебошад. Вай ҳамагӣ 9 гол задааст, ки ин аз рақибони наздиктаринаш 3 гол зиёд аст.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи даври 7-ум

«ВАХШ» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 1:1
Голҳо: Кароматулло Саидов, 16 (1:0). Фирӯз Рахматов, 77 (1:1).
"Вахш" (Қӯрғонтеппа): Фатҳуллои Иззатулло, Алишер Баротов, Сайидамири Сайдаҳмад, Хуршед Бекназаров, Музаффар Назаров, Далер Шарифов, Худойдод Узоқов (Фазлиддин Насриддинзода, 75), Абдухалил Боронов, Расул Файзов, Кароматулло Саидов, Нуриддин Ҳамроқулов (Исфандиёр Азизов, 83).
"Регар-ТадАЗ" (Турсунзода): Алишер Додов, Фаррух Чориев, Алишер Шарифов, Фарҳод Холбеков, Далер Шомуродов, Сӯҳроб Эгамбердиев (Фирдавс Тусматов, 68), Сайриддин Ғаффоров, Акбар Бобомуродов, Ҳикматулло Расулов (Фирӯз Қараев, 52), Бахтиёр Қаландаров, Фирӯз Раҳматов.
Огоҳонида шуданд: Худойдод Узоқов ("Вахш"), Алишер Шарифов, Фаррух Чориев ("Регар-ТадАЗ").
Бозигари беҳтарини ин дидор - Кароматулло Саидов ("Вахш").
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Нозири бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).
17-уми июн. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи "Пахтакор". 2000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ ДАСТАҲО БҒМБТИ
1«Истиқлол» (Душанбе)871032-422
2«Хуҷанд» (Хуҷанд)843111-1015
3«Хайр» (Ваҳдат)841312-1113
4«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)841313-1513
5«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)832312-1011
6«Энергетик» (Душанбе)83239-811
7«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)83236-611
8«Вахш» (Қӯрғонтеппа)82153-87
9«Равшан» (Кӯлоб)820611-276
10ССКА «Помир» (Душанбе)81164-144

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 9 тӯб, Комил САИДОВ, Хуршед МАҲМУДОВ (ҳарду – «Истиқлол»), Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 6-тӯбӣ, Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан»), Манучеҳр АҲМАДОВ («Хуҷанд») – 5-тӯбӣ, Айдох НАПОЛЕОН («Хайр»), Чарлз ТЕКО («Хуҷанд») – 4 -тӯбӣ, Фарҳод ТОҲИРОВ, Комрони МИРЗОХОН, Юсуф РАБИЕВ (ҳарсе – «Парвоз»), Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ (ҳарду – «Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

Бозиҳои даври 9-ум
21-уми июн (шанбе)
Оғози бозиҳо – 18:00
«Равшан» - «Энергетик»
«Парвоз» - ССКА «Помир»
«Хайр» - «Хуҷанд»
«Вахш» - «Истиқлол»
«Регар-ТадАЗ» - «Далерон-Ӯротеппа»
XS
SM
MD
LG