Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ярема: Дар амалиёт 125 низомии украинӣ ҷон бохтааст


Виталий Ярема, муовини аввали нахуствазири Украина, хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти зиддитеррор дар шарқи кишвар 125 низомӣ, аз ҷумла, 96 афсару сарбози артиш, 22 корманди нерӯҳои дохилӣ ва ҳамчунин марзбонҳову кормандони Хадамоти амният ба ҳалокат расиданд.

Ӯ дар як барномаи шабакаи телевизионии ICTV шоми душанбе гуфт, ки бештари низомиён бар асари суқути ҳавопаймову чархболҳои низомӣ ҷон бохтаанд, талафот дар набардҳо бо ҷудоихоҳон зиёд нест.

Дар ҳамин ҳол бар пояи хабарҳо, дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанск даргириҳо миёни низомиёни украинӣ ва ҷудоихоҳон идома доранд. Низомиёни Украина талоши таҳти назорат гирифтани манотиқи ҳаммарз бо Русияро доранд. Таъмини назорати манотиқи марзӣ яке аз шартҳои оташбаси муваққат аст, ки дар борааш ахиран раисиҷумҳур Петро Порошенко хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, оташбас як-ду ҳафта идома хаҳад кард, то ки ҷудоихоҳон силоҳ ба замин гузоранд ё Украинаро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG