Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Эсхата” ва “Исфара” - пешсафони мусобиқаи лигаи аввал дар минтақаи Суғд


Дар ду бозӣ мизбонон пирӯзӣ ба даст оварданд. Се бозӣ бо ғалабаи меҳмонон хотима ёфт ва як бозӣ бидуни гол ба анҷом расид. Баъди натиҷагирии шаш даври мусобиқа дар ҷадвали бозиҳо дастаҳои “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Исфара”-и шаҳри Исфара, ки дар ҳамаи бозиҳо ғолиб шудаанд, бо 18-имтиёзӣ дар садри ҷадвали мусобиқа қарор доранд.

Дастаи “Спитамен”-и ноҳияи Спитамен бо 16 имтиёз дар ҷойи севум мебошад. Бояд гуфт, ки ҳарсе дастаи пешсаф бохт надоранд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон
Минтақаи Суғд
Даври 6-ум

«ҶАВОНӢ» - «ИСФАРА» - 1:2
Голҳо: Ҳумоюн Бугаев, 13 (1:0). Амрулло Яҳёхуҷаев, 15 (1:1). Парвизҷон Деҳқонов, 60 (1:2).

«ШАҲРИСТОН» - «КАНД» - 0:0

«ЗАРАФШОН» - «ЭСХАТА» - 0:5

«СПИТАМЕН» - «ҚАЙРОҚҚУМ» - 4:3
Голҳо: Ғулом Дониёров, 22 (1:0). Юнусҷон Мирсаидов, 32 (2:0). Фаррух Отабоев, 34 (3:0). Ғолиб Дадобоев, 45 (3:1). Ғолиб Дадобоев, 53 (3:2). Ғолиб Дадобоев, 61 (3:3). Дониёр Умаров, (4:3).

МАРКАЗИ ТАЙЁРИИ ОЛИМПӢ (МТО) - «ВАҲДАТ» - 1:2
Голҳ: Иброҳим Эшонхонов, 27 (1:0). Собир Эргашев, 57 (1:1). Абдумалик Юсуфов, 84 – ба дарвозаи худ (1:2).

«МАСТЧОҲ» - «САЙҲУН» - 3:2
Голҳо: Қурбон Раҳматов, 4 (1:0). Акмал Сангинов, 13 (1:1). Қурбон Раҳматов, 26 (2:1). Акмал Сангинов, 34 (2:2). Қурбон Раҳматов, 78 (3:2).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ ДАСТАҲО БҒМБТИ
1«Эсхата» (Хуҷанд)660031-418
2«Исфара» (Исфара)660024-218
3«Спитамен» (Спитамен)651014-716
4«Канд» (Конибодом)63219-611
5«Зарафшон» (Панҷакент)631213-1310
6«Мастчоҳ» (Мастчоҳ)630310-139
7«Шаҳристон» (Шаҳристон)614111-137
8«Сайҳун» (Бобоҷон Ғафуров)61149-104
9«Ваҳдат» (Ашт)61145-94
10«Қайроққум» (Қайроққум)611410-264
11МТО (Хуҷанд)60154-211
12«Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов)60064-180

Нишонзанҳои беҳтарин: Ғолиб ДАДОБОЕВ («Қайроққум») – 7тӯб, Абдумалик ШОДИЕВ («Эсхата»), Фаррух АБДУНАЗАРОВ («Шаҳристон») – 6-тӯбӣ, Дилшод БОЗОРОВ, Парвизҷон ДЕҲҚОНОВ (ҳарду – «Исфара»), Ғулом ДОНИЁРОВ («Спитамен») – 5-тӯбӣ, Неъматҷон ОТАБОЕВ («Зарафшон») – 4 тӯб.

Даври 7-ум

18 июн (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 18:00
«Эсхата» - «Спитамен»
«Канд» - «Зарафшон»
«Исфара» - «Шаҳристан»

19 июня (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 18:00
«Ваҳдат» - «Ҷавонӣ»
«Сайҳун» - МТО
«Қайроққум» - «Мастчоҳ»
XS
SM
MD
LG