Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳрангез Назарова ба Олимпиадаи наврасон-2014 роҳхат гирифт


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Меҳрангез Назарова, варзишгари тоҷик, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон-2014 дар Нанҷинги Чин гардид.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 13-уми июн хабар дод. Вай афзуд, «Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон якҷо бо Федератсияи варзиши сабуки кишвар рӯзи 26-уми май ба унвони Федератсияи байналмилалии варзиши сабук (IAAF) нома ирсол карда, хоҳиш намуданд, ки ба таври расмӣ соҳиби роҳхати олимпӣ шудани варзишгари тоҷик Меҳрангез Назароваро тасдиқ намояд. Мо ба номаи худ имрӯз, 13-уми июн, посух гирифтем. Дар он гуфта мешавад, ки 34 варзишгар аз 13 кишвар, ки авохири моҳи май дар мусобиқаи литсензионии осиёӣ оид ба варзиши сабук дар Бангкоки Тайланд натиҷаҳои баланд нишон доданд,соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин гардиданд. Дар байни онҳо намояндаи Тоҷикистон Меҳрангез Назарова низ ҳаст. Вай дар давидан ба масофаи 3 000 метр бо натиҷаи 10.31,65 севум шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гаштааст.»

Ёдовар мешавем, ки Меҳрангез Назарова дар мусобиқаи литсензионии осиёӣ оид ба варзиши сабук дар Бангкок барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон ду медал ба даст оварда буд. Ба ҷуз медали биринҷӣ дар давидан ба масофаи 3 000 метр, Меҳрангез дар давидан ба масофаи 2000 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 7.17,76 медали дувуми биринҷӣ ба даст овардааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоев то ҳоло 4 варзишгари тоҷик - Фирӯз Ёқубов дар намудии гуштии озод дар вазни беш аз 100 кг, Тоҳирҷон Охунов (85 кг), Равзатулло Исоев (42 кг) дар намуди гуштии юнониву румӣ ва Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр расман соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии наврасон шудаанд. Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон аз 16-ум то 28-уми август дар Нанҷинги Чин доир мешаванд.

Бояд гуфт, ки варзишгарони ҷавони тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 14-ум то 26-уми августи соли 2010 дар Сингапур баргузор шуда буданд, дар панҷ ришта - бокс, варзиши сабук (гурзандозӣ ва давидан ба масофаи 200 метр), гуштии озод, камонварӣ ва таэквон-до WTF - ширкат карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар ин бозиҳо 6 варзишгар - Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг, Абдуқодир Баротов (гурзандозӣ), Сиёвуш Зуҳуров (бокс, вазни то 91 кг), Даврон Атобоев (варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр), Кристина Зайниддинова (камонварӣ) ва Шукрона Шарифова (таэквон-до WTF, вазни то 44 кг) дохил буданд.

Варзишгарони навраси тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал ба даст овардаанд. Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар намуди таэквон-до ВТФ дар вазни то 44 кг медали биринҷӣ гирифтанд.
XS
SM
MD
LG