Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Баррозо ба нишонаи ҳимоят аз Гурҷистон


Жозе Мануэл Баррозо
Жозе Мануэл Баррозо
12 июн Жозе Мануэл Баррозо - раиси Кумиссиюни Аврупо бори аввал аз Гурҷистон боздиди расмӣ анҷом медиҳад. Интизор меравад, ки вай дар Тифлис бо Георгий Маргвелашвилӣ-раиси ҷумҳур ва бо Ираклӣ Гарибашвилӣ-нахуствазир дидор ва гуфтугӯ кунад.

Ҳоло боздиди чаҳоррӯзаи Баррозо аз кишварҳои минтақа идома дорад. Вай 11 июн аз Молдова боздид кард. Кишвари ахир барои боздид Озарбойҷон хоҳад буд.

Дафтари Баррозо 11 июн гуфт, боздид аз Гурҷистон ва Молдова нишондиҳандаи ҳимояти Иттиҳодияи Аврупо аз ин кишварҳо қабл аз имзои Қарордоди Ҳамкорӣ ва ҳамгароӣ ба шумор меравад. Ин қарордод 27 июн ба имзо мерасад.

Баррозо ҳамчунин дар конфронси Иттиҳодияи Аврупо роҷеъ ба сармоягузорӣ, ки дар Тифлис баргузор мешавад, суханронӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG