Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтарин бозигар, мураббӣ ва довари моҳи май


Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин бозигар, беҳтарин мураббӣ ва беҳтарин доварро дар моҳи май муайян кард.

Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин бозигар, беҳтарин мураббӣ ва беҳтарин доварро дар моҳи май муайян кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон
Дилшод Восиев, ҳамлагар ва капитани тими “Истиқлол”-и Душанбе, беҳтарин бозигар, Нуъмонҷон Юсуфов, сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд, беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак беҳтарин довар дар моҳи май эълон шуданд. Ба беҳтаринҳои моҳи май ҷоизапулӣ ба ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ супурда мешавад.

Ёдовар мешавем, легионер аз Гана Дэвид Мауто, ҳамлагари тими “Истиқлол”, беҳтарин бозигар, Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол”, беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Хуршед Дадобоев аз Хуҷанд беҳтарин довар дар моҳи март, Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари тими “Истиқлол”, беҳтарин бозигар, Алишер Тухтаев, сармураббии дастаи “Энергетик”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Парвиз Муртазоев аз Душанбе беҳтарин довар дар моҳи апрел эълон шуда буданд.
XS
SM
MD
LG