Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар амалиёти низомӣ дар шарқи Украина 210 нафар ҷон бохтаанд


Дар шарқи Украина бар асари амалиёти низомӣ 210 нафар, аз ҷумла, 14 кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора вазири ҳифзи сиҳати Украина Олег Мусий хабар дод ва гуфт, ин маълумоти комил нест ва гап сари фақат ҷасадҳое меравад, ки ба сардхона ё морг интиқол ёфтаанд. Ӯ афзуд, ки рӯзи сешанбе ба сардхонаҳои вилоятҳои Донетск ва Луҳанск ҷасади 50 кушташуда ворид шуд. Аммо вазир аз ошкор намудани талафот миёни низомиён, сокинони осоишта ва ҷудоихоҳони мусаллаҳ худдорӣ кард.

Ҳафтаи гузашта Додситони кулли Украина Олег Махнитский хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёт алайҳи ҷудоихоҳони мусаллаҳ 181 нафар, аз ҷумла, 50 низомӣ ба ҳалокат расидаанд.Мири Донетск Александр Лукянченко рӯзи чаҳоршанбе аз раисиҷумҳур ва парлумони Украина хост, ки бо намояндагони Ҷумҳурии мардумии Донетск бо миёнҷигарии Русия гуфтушунид кунанд. Дар як нишасти хабарӣ ӯ гуфт, ки “агар як шонс ҳам боқӣ монда бошад, бояд аз он ба хотири қатъи ҷанг истифода кард”. Шаҳрдори Донетск афзуд, ҷорӣ кардани вазъи низомӣ дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанск боиси бесару сомонӣ ва хурӯҷи теъдоди бузурги фирориён аз минтақа хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG