Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон: Сарбозон қурбонии зарбаи иштибоҳӣ шуданд


Вазорати дифои ИМА рӯзи чаҳоршанбе таъид кард, ки панҷ сарбози хориҷии ду рӯз пеш дар вилояти Зобули Афғонистон кушташуда амрикоӣ буданд. Намояндаи Пентагон ҳадс задааст, ки онҳо бар асари зарбаи ҳамяроқҳои худ аз Эътилофи байнулмилалӣ ба ҳалокат расидаанд.

Нашрияи The New York Times бо такя ба мақомоти расмии Амрико ва Афғонистон навишт, мавқеъи сарбозони гурӯҳи вокуниши сареъ ҳадафи зарбаи иштибоҳии ҳавопаймоии амрикоии Б-1 қарор гирифт. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи 9 июн ба вуқӯъ пайваст, як низомии афғон ҳам ҷон бохтааст. Рӯзнома аз қавли раиси полиси вилояти Зобул гуфтааст, ки сарбозон ба муҳосираи толибон афтоданд ва хостори кӯмаки фаврӣ шуданд.

Ба иттилои намояндаи Пентагон, айни ҳол тафтиши ҳодиса идома дорад.
XS
SM
MD
LG