Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вече хостори интихоботи нави парлумонӣ дар Украина шуд


Дар майдони Истиқлоли Киев рӯзи якшанбе вечеи мардумӣ баргузор шуд, ки дар он тақрибан се ҳазор нафар ширкат доштанд. Ҳозирин талаб карданд, ки рӯзи интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ муқаррар ва садди вуруд ба Верховная Рада аз 5 то 3 дар сад пойин бурда шавад. Ширкаткунандагон ба таҳрими тавлидоти корхонаҳои Русия ва тафтиши фаъолияти муассисаҳои Русия дар Украина даъват карданд.

Ба навиштаи хабаргузории УНИАН, вече аз номи мардуми Украина аз раисиҷумҳур Петро Порошенко хост, ки давлати ҳуқуқбунёд дар пояи арзишҳои умумибашарӣ ташкил кунад ва ба вилоятҳои бузург имкон диҳад, то дар бораи бозхонди ҳама гуна мансабдори аршади ҳама шохаҳои давлат тасмим бигирад.

Ҳозирин ҳамчунин қарор карданд, ки дар Майдон истеъмоли машрубот аз сӯи сокинони пойтахт ва меҳмонон манъ карда шавад.
XS
SM
MD
LG