Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори супурдани Бергдал-сарбози амрикоӣ нашр шуд


Саҳнаи супурдани Бергдал
Саҳнаи супурдани Бергдал
Толибон як навори видеоии 17 дақиқаиро аз маросими супурдани Бов Бергдал-сарбози Амрикоӣ ба нашр расондаанд. Вай дар шарқи Афғонистон ба нируҳои Амрикоӣ супурда шуд. 31 май Бергдалро бо 5 нафар Толибон, ки дар боздоштгоҳи Гуантанамо нигаҳдорӣ мешуданд, иваз карданд.

Ин навори видеоӣ http://bit.ly/1x4MPOM нишон медиҳад, ки Бергдал дар мошини сафед нишастааст ва вақте, ки чархболи амрикоӣ дар ҳаво пайдо мешавад, шӯришиёни Толиб дар паси теппа мавзеъ мегиранд.

Як чархбол ба замин фуруд меояд ва Бергдалро Толибон ба сӯи се марди дорои либоси ғайринизомӣ, ки аз чархбол берун меоянд, раҳнамоӣ мекунанд. Ин се мард дасти Толибонро мефишоранд ва Бергдалро ба сӯи Чархбол мебаранд.

Бергдал ягона сарбози амрикоӣ буд, ки дар асорати Толибон дар Афғонистон нигаҳдорӣ мешуд. Вай аз соли 2009 дар асорати Толибон ба сар мебурд.

Дафтари Обама аз намояндагони Конгресс бахшиш пурсид, ки қабл аз ин радду бадал онҳоро дар ҷараён нагузоштааст.
XS
SM
MD
LG