Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе-1 – ғолиби мусобиқаи волейбол байни мардон


.
.

Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 31-уми май, боз аз рӯи як намуд – волейбол байни мардон - натиҷагирӣ шуд.

Сардовари ин бозиҳо Раҳматшо Камолов, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, “мусобиқа аз рӯи волейболбол байни мардон, ки дар толори мактаби варзишии кӯдакону наврасони захоири олимпии рақами 5-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, 31-уми май ба анҷом расид. Дар ин мусобиқа дастаи Душанбе-1 ҷойи аввалро касб кард. Дастаи Душанбе-2 дар ҷойи дувум ва мунтахаби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Ба ин тартиб, то имрӯз аз даҳ намуде, ки ба барномаи бозиҳо шомиланд (баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол, таэквон-до ВТФ, гуштии миллӣ, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо ва самбо) мусобиқот дар 9 намуд ба анҷом расид. Баъди натиҷагирии 9 намуди варзиш дар ҳисоби умумидастаӣ тими Душанбе-1 дар ҷойи аввал, Душанбе-2 дар ҷойи дувум ва мунтахаби Суғд дар ҷойи севум мебошанд.”

Сардовари Бозиҳои варзишии Тоҷикистон афзуд, рӯзҳои 1-6-уми июн дар толори мактаби варзишии кӯдакону наврасони захоири олимпии рақами 5-и шаҳри Душанбе мусобиқаи охирин оид ба волейбол миёни занон барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, дар марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон ҳашт даста - мунтахаби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, ду даста аз вилояти Хатлон, мунтахаби шаҳру навоҳии тобеи марказ, водии Рашт ва ду дастаи Душанбе ширкат доранд. Ин бозиҳо як давраи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVII осиёӣ, ки моҳҳои сентябр-октябри соли равон дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешаванд, ба шумор мераванд.


Ҷадвали Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номгӯи
дастаҳо
Ҷамъи умумии медалҳоМавқеи дастаҳо
тиллонуқрабиринҷӣҶамъи медалҳо
1ДУШАНБЕ - 1492321 931
2ХАТЛОН - 2131529 574
3ШНТМ131219 445
4СУҒД151936 703
5ХАТЛОН - 151725 476
6ДУШАНБЕ - 2152430 692
7ВМКБ5816 297
8РАШТ404 88
XS
SM
MD
LG