Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Тоҷикистон бар Гурҷистон дар Ҷоми Каспий


Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Каспий дар Боку бар дастаи Гурҷистон бо ҳисоби 3-1 ғалаба кард.

Ин мусобиқаи анъанавӣ дар пойтахти Озарбойҷон бо ширкати 12 дастаи мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ ҷараён дорад. Футболбозони навраси тоҷик дар даври дувуми сабқати гурӯҳи «С» рӯзи 30-юми май бар ҳамсолонашон аз Гурҷистон пирӯз шуданд. Се голро ба давозаи гурҷиҳо Муҳаммадҷони Ҳасан, 3 (1:0), Эҳсони Панҷшанбе, 30 (2:0) ва Худойдод Узоқов, 54 (3:0) ворид карданд. Як голро Алишер Сафаров (79) ба дарвозаи дастааш зад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро 29-уми май бо дастаи Ҷопон бо ҳисоби 1-1 анҷом дода буд. Ба як голи ҷопониҳо Сироҷиддин Гулмуродов, ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, дар замони изофӣ (80+2) посух дод.


Ҷоми Каспий-2014
Даври 1-ум
Ҷопон – Тоҷикистон – 1:1
Голи Тоҷикистон: Сироҷиддин Гулмуродов, 80+2.
Тоҷикистон: Беҳрӯз Хайриев, Эҳсони Панҷшанбе (Алишер Баротов, 70), Алишер Сафаров (капитан), Табрези Давлатмир, Абубакр Азимов, Сироҷиддин Гулмуродов, Худойдод Узоқов (Ҷамшед Махсумов, 65), Муҳаммадҷони Ҳасан (Ҳокимҷон Ҳасанов, 67), Кароматулло Саидов (Сӯҳроб Мирзоев, 75), Муҳаммадҷон Шарифов, Рустам Толибов (Собирҷон Гуляков, 40).

Даври 2-юм
Тоҷикистон Гурҷистон – 3:1
Голҳо: Муҳаммадҷони Ҳасан, 3 (1:0), Эҳсони Панҷшанбе, 30 (2:0) ва Худойдод Узоқов, 54 (3:0), Алишер Сафаров, 79 – ба дарвозаи худ (3:1).
Тоҷикистон: Беҳрӯз Хайриев, Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир, Сироҷиддин Гулмуродов, Абубакр Азимов, Эҳсони Панҷшанбе (Алишер Баротов, 70), Муҳаммадҷони Ҳасан (Ҳокимҷон Ҳасанов, 72), Худойдод Узоқов (Ҷамшед Махсумов, 76), Муҳаммадҷон Шарифов, Кароматулло Саидов (Сӯҳроб Мирзоев, 76), Собирҷон Гуляков (Рустам Толибов, 65).

Ҳайатҳои гурӯҳҳо чунинанд:

Гурӯҳи «А»: Озарбойҷон-1, Афғонистон, Булғористон.
Гурӯҳи «В»: Озарбойҷон-2, Қирғизистон, Эрон.
Гурӯҳи «С»: Ҷопон, Гурҷистон, Тоҷикистон.
Гурӯҳи «D»: Туркия, Узбакистон, Қазоқистон.

Натоиҷи бозиҳои даври 2-юм: Тоҷикистон – Гурҷистон - 3:1. Булғористон - Афғонистон - 1:0. Қазоқистон - Узбакистон - 1:8. Озарбойҷон (U-17) – Эрон - 0:4.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвал:

Гурӯҳи «А»: 1. Озарбойҷон (U-17) - 3 имтиёз, таносуби тӯбҳо 1-0, 1 бозӣ. 2. 2. Булғористон - 3, 1-1, 2 3. Афғонистон - 0, 0-1, 1

Гурӯҳи «В»: 1. Эрон - 6, 7-0, 2 2. Қирғизистон - 0, 0-3, 1 3. Озарбойҷон (U-16) - 0, 0-4, 1
Гурӯҳи «С»: 1. Тоҷикистон - 4, 4-2, 2 2. Ҷопон - 1, 1-1, 1 3. Гурҷистон – 0, 1-3,1

Гурӯҳи «D»: 1. Узбакистон - 3, 8-1, 1 2. Туркия - 3, 3-1, 1 3. Қазоқистон - 0, 2-11, 2

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалро мегиранд, ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дувумро соҳиб мешаванд, барои ҷойҳои 5-8-ум ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо дар ҷойҳои охирин қарор мегиранд, барои ҷойҳои 9-12-ум талош хоҳанд кард. Мусобиқа 5-уми июн ба охир мерасад.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ба ҳайати даста 18 футболбозро дохил кардааст.

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Ҷоми Каспий-2014:
Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Нури Норак»), Шаҳром Исмоилов («Вахш»).
Ҳимоятгарон: Сироҷиддин Гулмуродов («Нури Норак»), Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир (ҳарду – «Истиқлол»), Абубакр Азимов («Равшан»), Алишер Баротов («Вахш»), Сӯҳроб Мирзоев (РШВСМ).
Нимҳимоятгарон: Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов («Вахш»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Равшан»), Ҳокимҷон Ҳасанов («Энергетик»), Ҷамшед Махсумов, Эҳсони Панҷшанбе (ҳарду – «Истиқлол»).
Ҳамлагарон: Собирҷон Гуляков, Муҳаммадҷон Шарифов (ҳарду – РШВСМ), Рустам Толибов (ССКА «Помир»), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»).

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий барои бори севум ширкат меварзад. Соли гузашта футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар сабқати гурӯҳи «D» дар нахустин бозиашон аз тими Уругвай бо ҳисоби 0:3, дар бозии дувумашон аз тими Ҷопон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, бидуни имтиёз дар гурӯҳи худ дар ҷойи охирин қарор гирифтанд.

Баъдан дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии севуми худ барои ҷойҳои 9-12-ум бар тими Урдун бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ниҳоят, футболбозони тоҷик дар бозии чаҳорум ва охиринашон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, мақоми 9-умро касб карданд.

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Туркия барандаи Ҷоми Каспий-2013 гардидааст. Мунтахаби Туркия дар бозии ниҳоӣ бар тими мизбон - Озарбойҷон бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард. Дар бозӣ барои ҷойи севум мунтахаби Ҷопон бар тими Гурҷистон аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 5:3 (замони асосӣ 0:0) ғолиб омад.

Мавқеи 12 дастаи мунтахаби наврасон дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Каспий-2013: 1. Туркия. 2. Озарбойҷон. 3. Ҷопон. 4. Гурҷистон. 5. ИМА. 6. Узбакистон. 7. Уругвай. 8. Булғористон. 9. Тоҷикистон. 10. Қирғизистон. 11. Урдун. 12. Қазоқистон.
XS
SM
MD
LG