Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон ба Боку


Субҳи имрӯз, 28-уми май, дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Каспий ба Боку сафар кард.

Ин мусобиқаи анъанавӣ аз 28-уми май то 6-уми июн дар пойтахти Озарбойҷон бо ширкати 12 дастаи мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ баргузор мешавад. Дар мусобиқа футболбозони синнашон то 17-сола ширкат меварзанд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Ҷопон (29-уми май) ва Гурҷистон (30-юми май) рақобат мекунад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалро мегиранд, ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дувумро соҳиб мешаванд, барои ҷойҳои 5-8-ум ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо дар ҷойҳои охирин қарор мегиранд, барои ҷойҳои 9-12-ум талош хоҳанд кард.

Ҳайатҳои гурӯҳҳо чунинанд:

Гурӯҳи «А»: Озарбойҷон-1, Афғонистон, Булғористон.
Гурӯҳи «В»: Озарбойҷон-2, Қирғизистон, Эрон.
Гурӯҳи «С»: Ҷопон, Гурҷистон, Тоҷикистон.
Гурӯҳи «D»: Туркия, Узбакистон, Қазоқистон.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ба ҳайати даста, ки рӯзи 28-уми май ба Боку сафар мекунад, 18 футболбозро дохил кардааст.

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Ҷоми Каспий-2014:
Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Нури Норак»), Шаҳром Исмоилов («Вахш»).
Ҳимоятгарон: Сироҷиддин Гулмуродов («Нури Норак»), Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир (ҳарду – «Истиқлол»), Абубакр Азимов («Равшан»), Алишер Баротов («Вахш»), Сӯҳроб Мирзоев (РШВСМ).
Нимҳимоятгарон: Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов («Вахш»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Равшан»), Ҳокимҷон Ҳасанов («Энергетик»), Ҷамшед Махсумов, Эҳсони Панҷшанбе (ҳарду – «Истиқлол»).
Ҳамлагарон: Собирҷон Гуляков, Муҳаммадҷон Шарифов (ҳарду – РШВСМ), Рустам Толибов (ССКА «Помир»), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»).

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий барои бори севум ширкат меварзад. Соли гузашта футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар сабқати гурӯҳи «D» дар нахустин бозиашон дар Ҷоми Каспий аз тими Уругвай бо ҳисоби 0:3, дар бозии дувумашон аз тими Ҷопон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, бидуни имтиёз дар гурӯҳи худ дар ҷойи охирин қарор гирифтанд.

Баъдан дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии севуми худ барои ҷойҳои 9-12-ум бар тими Урдун бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ниҳоят, футболбозони тоҷик дар бозии чаҳорум ва охиринашон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, мақоми 9-умро касб карданд.

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Туркия барандаи Ҷоми Каспий-2013 гардидааст. Мунтахаби Туркия дар бозии ниҳоӣ бар тими мизбон - Озарбойҷон бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард. Дар бозӣ барои ҷойи севум мунтахаби Ҷопон бар тими Гурҷистон аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 5:3 (замони асосӣ 0:0) ғолиб омад.

Мавқеи 12 дастаи мунтахаби наврасон дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Каспий-2013: 1. Туркия. 2. Озарбойҷон. 3. Ҷопон. 4. Гурҷистон. 5. ИМА. 6. Узбакистон. 7. Уругвай. 8. Булғористон. 9. Тоҷикистон. 10. Қирғизистон. 11. Урдун. 12. Қазоқистон.
XS
SM
MD
LG