Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали биринҷии Меҳрангез Назарова дар Бангкок


Меҳрангез Назарова, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи литсензионии осиёӣ ба Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷиниги Чин ду медал ба даст овард.

Меҳрангез Назарова, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи литсензионии осиёӣ оид ба варзиши сабук дар Бангкоки Тайланд барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷиниги Чин ду медал ба даст овард.

Вай дар давидан ба масофаи 3 000 м бо натиҷаи 10.31,65 севум шуд ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Инчунин Меҳрангез дар давидан ба масофаи 2000 м бо монеаҳо бо натиҷаи 7.17,76 медали дувуми биринҷӣ ба даст овард. Ҳамин тариқ, ӯ меъёри роҳхат ба Олимпиадаи Нанҷингро ба ҷо овард.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 26-уми май хабар дод. Вай афзуд, «Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон якҷо бо Федератсияи варзиши сабуки кишвар рӯзи 26-уми май ба унвони Федератсияи байналмилалии варзиши сабук нома ирсол карда, хоҳиш намуданд, ки ба таври расмӣ соҳиби роҳхати олимпӣ шудани варзишгари тоҷик Меҳрангез Назароваро тасдиқ намояд. Умедворем, ки мо ба номаи худ рӯзҳои наздиктарин посух мегирем.»
Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоев дар мусобиқаи литсензионии осиёӣ оид ба варзиши сабук дар Бангкок варзишгари дигари тоҷик Зоир Шералиев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 62,75 м мақоми севумро касб кард, вале аз роҳхати олимпӣ бенасиб монд.

Ба ин тартиб то ҳоло 3 варзишгари тоҷик - Фирӯз Ёқубов дар намудии гуштии озод дар вазни беш аз 100 кг, Тоҳирҷон Охунов (85 кг) ва Равзатулло Исоев (42 кг) дар намуди гуштии юнониву румӣ расман соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии наврасон дар Нанҷинг шудаанд.

Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон аз 16-ум то 28-уми август дар Нанҷинги Чин доир мешаванд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони ҷавони тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 14-ум то 26-уми августи соли 2010 дар Сингапур баргузор шуда буданд, дар панҷ ришта - бокс, варзиши сабук (гурзандозӣ ва давидан ба масофаи 200 метр), гуштии озод, камонварӣ ва таэквон-до WTF - ширкат карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар ин бозиҳо 6 варзишгар - Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг, Абдуқодир Баротов (гурзандозӣ), Сиёвуш Зуҳуров (бокс, вазни то 91 кг), Даврон Атобоев (варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр), Кристина Зайниддинова (камонварӣ) ва Шукрона Шарифова (таэквон-до WTF, вазни то 44 кг) дохил буданд.

Варзишгарони навраси тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал ба даст овардаанд. Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар намуди таэквон-до ВТФ дар вазни то 44 кг медали биринҷӣ гирифтанд.
XS
SM
MD
LG