Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи таэквондои Осиё дар Тошканд


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи XXI қаҳрамонии Осиё оид ба таэквон-до WTF, ки дар Қасри варзиши “Узбакистон”-и Тошканд 25-уми май шурӯъ шуд, ширкат дорад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи XXI қаҳрамонии Осиё оид ба таэквон-до WTF, ки дар Қасри варзиши “Узбакистон”-и Тошканд 25-уми май шурӯъ шуд, ширкат дорад.

Дар ин мусобиқаи қитъавӣ, ки дар пойтахти Узбакистон то рӯзи 28-уми май идома хоҳад кард, 542 варзишгар аз 34 кишвар рақобат мекунанд. Ба иттилои Федератсияи таэквон-до ВТФ-и Тоҷикистон, варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа ҳам миёни занон ва ҳам байни мардон оид ба спарринг ва пумсэ иштирок доранд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 13 варзишгар шомил аст. Дар рақобатҳои инфиродӣ Ҷамшед Носиров (54 кг), Насриддин Ворисов (58 кг), Давлатмурод Каримов (63 кг), Аҳмад Одилбеков (68 кг), Фарҳод Неъматов (80 кг), Алишер Гулов (+87 кг), Гулчеҳра Раҳимова (49 кг), Фарзона Раҷабова (53 кг), Маҳбуба Шарифова (57 кг) ва Моҳрӯ Ҳалимова (+73 кг) рақобат мекунанд. Дар сабқати пумсэ Эраҷ Мирзоев, Наим Ғиёсов ва Умед Саъдуллоев ширкат меварзанд.

Варзишгароне, ки дар ин мусобиқаи қитъавӣ дар вазни худ ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро мегиранд, барои ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Бразилия имтиёзҳои рейтингӣ ба даст меоранд.
XS
SM
MD
LG