Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Эсхата” - пешсафи мусобиқаи лигаи аввал дар минтақаи Суғд


Рӯзи 22-юми май се бозии дигари мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар минтакаи Суғд баргузор шуд.

Дар ҳарсе бозӣ меҳмонон пирӯзӣ ба даст оварданд. «Эсхата»-и Хуҷанд бар тими мизбон - «Мастчоҳ»-и Мастчоҳ - бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард ва бо 6 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифт.

Дар ду бозии дигар «Зарафшон»-и Панҷакент дар сафар бар тими “Маркази омодагии олимпӣ»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 ва «Шаҳристон»-и Шаҳристон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бар тими «Ҷавонӣ» бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд.

Ёдовар мешавем, бозиҳои рӯзи 21-уми май бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расида буданд: «Спитамен» (Спитамен) - «Ваҳдат» (Ашт) - 2:1, «Сайҳун» (Бобоҷон Ғафуров) - «Исфара» (Исфара) - 1:4, «Қайроққум» (Қайроққум) - «Канд» (Конибодом) - 3:3.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи минтақаи Суғд
ҶДастаҳоБҒМБТИ
1.Эсхата220011-26
2.Исфара22007-16
3.Спитамен22004-16
4.“Зарафшон”22005-36
5.“Канд”21104-34
6.“Шаҳристон”21105-34
7.Маркази ОО20113-41
8.“Қайроққум”20113-111
9.“Мастчоҳ”20024-60
10.“Сайҳун”20021-50
11.“Ҷавонӣ”20021-50
12.“Ваҳдат”20021-50

Нишонзанҳои беҳтарин: Ғолиб Дадобоев («Қайроққум»), Неъматҷон Отабоев, Парвиз Деҳқонов (ҳарду - «Исфара») – 3-тӯбӣ, Абдумалик Шодиев, Шерзод Бердиқулов, Саидҷон Шарифов (ҳарсе - «Эсхата»), Ҳусниддин Ашӯров («Спитамен») – 2-тӯбӣ.

Даври 3-юм
28-уми май (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Шаҳристон» - «Спитамен»
«Зарафшон» - «Ҷавонӣ»
«Эсхата» - Маркази омодагии олимпӣ
29-уми май (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Канд» - «Мастчоҳ»
«Исфара» - «Қайроққум»
«Ваҳдат» - «Сайҳун»
XS
SM
MD
LG