Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркише корманди сафорат ҷароҳат бардошт


Як корманди сафоратхонаи Амрико дар Маскав зоҳиран дар таркиши балони газ ҷароҳат бардоштааст. Виктор Вируков-сухангӯи вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия гуфт, ин ҳодиса дар хиёбони Кутузови Маскав 22 май дар бинои иқоматӣ рух додааст.

Як хонуми 40 сола шаҳрванди Амрико бо чархбол аз ин хона берун оварда ва ба яке аз бемористонҳои Маскав интиқол дода шудааст. Аз вай ном бурда намешавад. Дар бораи вазъи саломатиаш низ маълумот надодаанд. Каси дигар дар ин ҳодиса осеб надидааст.
XS
SM
MD
LG