Сардовари ин бозиҳо Раҳматшо Камолов, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 21-уми май ба радиои Озодӣ гуфт, “мусобиқот аз рӯи баскетбол байни мардон ва гуштии озод дар шаҳри Душанбе ва гуштии юнониву румӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд баргузор шуданд. Дар мусобиқаи баскетбол дастаи Душанбе-1 мақоми аввалро касб кард. Мунтахаби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҷойи дувум ва тими Душанбе-2 дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Ба ин тартиб, то имрӯз аз даҳ намуде, ки ба барномаи бозиҳо шомиланд (баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол, таэквон-до ВТФ, гуштии миллӣ, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо ва самбо) мусобиқот дар 8 намуд ба анҷом расид. Баъди натиҷагирии 8 намуди варзиш дар ҳисоби умумидастаӣ тими Душанбе-1 дар ҷойи аввал, Хатлон-2 дар ҷойи дувум ва шаҳру навоҳии тобеи марказ дар ҷойи севум мебошанд.”
Сардовари Бозиҳои варзишии Тоҷикистон афзуд, мусобиқот дар риштаи баскетбол байни занон, ки дар Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон ҷараён дорад, рӯзи 22-юми май натиҷагирӣ хоҳад шуд. Инчунин рӯзҳои 23-25-уми май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мусобиқаи варзиши сабук, рӯзҳои 26-31-уми май дар толории варзишии “Манеж”-и Душанбе мусобиқаи волейбол байни мардон ва рӯзҳои 1-6-уми июн дар толори Клуби варзишии “Динамо”-и Душанбе мусобиқаи волейбол миёни занон барпо мегарданд.
Ёдовар мешавем, дар марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон ҳашт даста - мунтахаби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, ду даста аз вилояти Хатлон, мунтахаби шаҳру навоҳии тобеи марказ, водии Рашт ва ду дастаи Душанбе ширкат доранд. Ин бозиҳо як давраи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVII осиёӣ, ки моҳҳои сентябр-октябри соли равон дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешаванд, ба шумор мераванд.
Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ГУШТИИ ЮНОНИВУ РУМӢ
Вазни 59 кг
ГУШТИИ ОЗОД
Вазни 57кг

1. | Шарифзода Азизбек | Душанбе-1 | |
2. | Ғаффоров Рамазон | Душанбе-2 | |
3. | Ғуломов Рамазон | Хатлон-2 | |
3. | Қосимов Элшан | Суғд | |
Вазни 66 кг | |||
1. | Амрохонзода Лоиқ | Хатлон-2 | |
2. | Отамуродов Баҳрулло | Суғд | |
3. | Орипов Акмал | Душанбе-1 | |
3. | Нуъмонов Рухафшон | Душанбе-2 | |
Вазни 71 кг | |||
1. | Облобердиев Хусрав | Суғд | |
2. | Саидов Меҳриддин | Хатлон-2 | |
3. | Зокиров Абдуқодир | ШНТМ | |
3. | Иброҳимов Фаридун | Душанбе-1 | |
Вазни 75 кг | |||
1. | Ҳакимов Шарифхуҷа | Душанбе-2 | |
2. | Исоқов Сарвар | Суғд | |
3. | Бобохонов Акмал | Хатлон-2 | |
3. | Раҳмонов Фаррухрӯз | Душанбе-1 | |
Вазни 80 кг | |||
1. | Тӯйчиев Қаҳрамон | Душанбе-1 | |
2. | Икромов Исфандиёр | Суғд | |
3. | Самадов Маҳмадалӣ | Хатлон-2 | |
3. | Пиров Акмал | Душанбе-2 | |
Вазни 85 кг | |||
1. | Рофиев Фардавс | Суғд | |
2. | Қаландаров Маҳмадамин | ШНТМ | |
3. | Файзиев Шавкат | Хатлон-2 | |
3. | Латипов Исфандиёр | Душанбе-2 | |
Вазни 98 кг | |||
1. | Абдуллоев Ҳабибулло | Душанбе-1 | |
2. | Ваҳобов Азмуддин | Душанбе-2 | |
3. | Шералиев Комилҷон | Хатлон-2 | |
3. | Бобоҷонов Фирдавс | Суғд | |
Вазни 130 кг | |||
1. | Тӯйчиев Муродҷон | Суғд | |
2. | Шанбиев Шанбе | Душанбе-2 | |
3. | Раҷабов Асомиддин | Хатлон-1 | |
3. | Ёқубов Ҷумъахон | Душанбе-1 |
ГУШТИИ ОЗОД
Вазни 57кг
1. | Ҷӯраев Саидҷаъфар | Душанбе-2 | |
2. | Очилов Шоҳрух | Хатлон-1 | |
3. | Шамсиддини Насрулло | Душанбе-1 | |
3. | Файзиев Абдуқосим | Хатлон-2 | |
Вазни 61 кг | |||
1. | Усмонзода Фарҳод | Душанбе-1 | |
2. | Шарипов Некрӯз | Душанбе-2 | |
3. | Умаров Ҷамшед | Хатлон-2 | |
3. | Юлдошов Амир | Суѓд | |
Вазни 65 кг | |||
1. | Хоҷаев Тоҷиддин | Душанбе-1 | |
2. | Исмоилов Содиқхуҷа | Суғд | |
3. | Холов Илҳом | Душанбе-2 | |
3. | Манучеҳри Сироҷиддин | Хатлон-1 | |
Вазни 70 кг | |||
1. | Воҳидов Сомиршо | Душанбе-1 | |
2. | Турсоатов Манучеҳр | Душанбе-2 | |
3. | Амоятшоев Фариз | ВМКБ | |
3. | Мақсудов Баҳодур | Суғд | |
Вазни 74 кг | |||
1. | Сӯфиев Азамат | Душанбе-1 | |
2. | Усмонов Қосим | Хатлон-2 | |
3. | Наимов Хайём | Душанбе-2 | |
3. | Ҳаитов Рустам | Суғд | |
Вазни 86 кг | |||
1. | Қодиров Баҳодур | Душанбе-1 | |
2. | Назаров Абдулло | Душанбе-2 | |
3. | Табаров Шамсиддин | Хатлон-1 | |
3. | Одилов Фаридун | Суғд | |
Вазни 97 кг | |||
1. | Раҷабов Шукрулло | Душанбе-1 | |
2. | Тоҳиров Раҷаб | Хатлон-1 | |
3. | Сафарзода Маъруф | Душанбе-2 | |
3. | Исоқҷони Ҳасан | Хатлон-2 | |
Вазни 125 кг | |||
1. | Анақулов Фарҳод | Душанбе-1 | |
2. | Гулямов Абдурашид | Душанбе-2 | |
3. | Зарифбеков Руслан | ВМКБ | |
3. | Шодмони Самандаршо | Суғд (шахсӣ) |