Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Донетск бо ибтикори Аҳметов эътироз баргузор шуд


Ринат Аҳметов-сарватмандтарин шаҳрванди Украина
Ринат Аҳметов-сарватмандтарин шаҳрванди Украина
Дар шаҳри Донетск дар шарқи Украина бар зидди ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия эътирози сулҳомез баргузор шуд. Ин эътирозро Ринат Аҳметов-сарватмандтарин шахси Украина созмон дод. Тақрибан 400 нафар фаъолон дар варзишгоҳи марказии Донетск гирдиҳам омаданд. Қабл аз оғози ин ҳамоиш корхонаҳои бузурги санъатии Донетск бонги худро ба садо дароварданд.

Дар ҷараёни эътироз дар варзишгоҳ аз пардаи телевизиони бузург суханронии шоми як рӯзи пешро намоиш доданд, ки дар он Ринат Аҳметов мардумро ба эътироз даъват мекард.

Вай дар ин суханронии телевизиониаш шоми 19 май гуфт, “мардум аз зиндагии пуртарсу ҳарос ва террор монда шудаанд”.

Вай ҳушдор дод, ки рафтори ҷудоихоҳони ҷонибдори Кремли Маскав шарқи Украинаро ба сӯи “қатли ом” мебарад. Вай гуфт, шӯришиён барои ин минтақа коре накардаанд, балки ба дуздиву ғорат машғуланд.

Дороӣ ва сарвати Аҳметов 12 миллиард доллар тахмин зада мешавад ва вай дар шарқи Украина дар Донбасс империяи саноатиро раҳбарӣ мекунад. Вай гуфт, дар саросари Донбас миллионҳо нафар омодаанд ба ин эътирозҳо бипайванданд.
XS
SM
MD
LG