Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори кушташудагони низои Сурия ба 162 000 нафар расид


Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия мегӯяд, дар низои сесолаи ин кишвар зиёда аз 162 000 нафар кушта шудаанд. Ин созмони мухолифи давлат, ки дар Лондон марказ дорад, рӯзи 19-уми май гуфт, рақами мазкур 54000 шаҳрванди осоишта, 43000 узви гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат ва 61000 сарбози ҳукумати Башор Асадро дар бар гирифтааст. То ҳол ҳувияти наздик ба 3000 нафар шиносоӣ нашудааст. Созмони Милали Муттаҳид, ки низ шумори қурбониёнро дунбол мекард, аз нашри арқому адад худдорӣ кард ва мегӯяд, санҷиши дурусти ин арқом ғайримумкин аст. Охирин рақами нашркардаи Созмони Милал шумораи кушташудагонро 100 000 нафар нишон медод. Низои Сурия дар моҳи марти соли 2011 оғоз ёфта буд.
XS
SM
MD
LG