Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исмат Абдуллоев – мураббии варзидаи гуштӣ - 70-сола шуд


Исмат Абдуллоев дар байн нишастааст.
Исмат Абдуллоев дар байн нишастааст.

Имрӯз, 19-уми май, Исмат Абдуллоев, паҳлавони маъруф, мураббии варзидаи гуштӣ ва яке аз поягузорони самбо дар Тоҷикистон 70-сола шуд.

Хидматҳои Исмат Абдуллоев дар рушди варзиш, бахусус, гуштии миллӣ, гуштии озод, самбо ва дзюдо дар Тоҷикистон хеле назаррас аст. Вай дар ин намудҳои варзиш борҳо ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст.

Исмат Абдуллоев дар ҳайати дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон соли 1971 дар Спартакиадаи халқҳои СССР дар рақобатҳо дар вазни 66 кг бомуваффақият ҳунарнамоӣ карда, ба панҷгонаи беҳтарин дохил шудааст. Вай соли 2004 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни устодон, ки дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон доир шуда буд, дар вазни 82 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Вале Исмат Абдуллоев, аслан, ҳамчун мураббии гуштӣ маъруф аст. Вай дар муддати беш аз 45 соли фаъолияти мураббигиаш дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба навъҳои гуштӣ садҳо устодони варзиш ва даҳҳо устодони варзиши дараҷаи байналмилалиро дар риштаҳои самбо ва дзюдо ба воя расондааст.

Яке аз шогирдонаш – Саидмуъмин Раҳимов – соли 1975 ба унвони баланди қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо мушарраф шудааст. Дарвоқеъ, то имрӯз дар риштаи самбо касе ба пояи ин шогирди Исмат Абдуллоев нарасидааст.

Исмат Абдуллоев солиёни дароз ба ҳайси сармураббии дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба самбо ва дзюдо пурмаҳсул кор кардааст.

Хидматҳояшро бо унвони баланди “Устоди варзиши СССР” (соли 1966), унвони ифтихории “Мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон” (1973) ва бисёр ҷоизаҳову ифтихорномаҳо қадр кардаанд.

Соли 1975 вай ба қатори даҳ мураббии беҳтарини СССР дохил шуда буд. Ҳамчунин ӯ беҳтарин мураббии Тоҷикистон дар намуди самбо дар асри ХХ эътироф шудааст.

Исмат Абдуллоев имрӯз ҳам дар тарбияи шогирдон ба ҳайси мураббии пуртаҷрибаву варзида хидмат намуда, яке аз фаъолони кори тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
XS
SM
MD
LG