Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 32 кӯдак дар сӯхтори автобус дар Колумбия


Ба камияш 32 кӯдак дар сӯхтори як автобус дар шимоли Колумбия ба ҳалокат расиданд. Онҳо ба як маъракаи насрониҳои евангелист равона буданд. Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, сӯхтор замоне ба амал омад, ки ронанда барои бартараф кардани нуқси автобус ва ба кор андохтани он ба муҳаррик сӯзишворӣ рехт. Ронанда ҷон ба саломат бурд. Ҳамчунин 18 савораи дигар низ наҷот ёфтанд. Полис мегӯяд, қурбониёнро аз рӯйи собиқаи дандонпизишкияшон шиносоӣ хоҳад кард. Раисиҷумҳур Хуан Мануэл Сантос ба ҷои воқеа сафар кард.
XS
SM
MD
LG