Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатарҳои амниятӣ ба интихобот дар Украина


Кумиссиюни марказии интихоботии Украина бим дорад, ки мумкин аст дар охири ҳафтаи оянда дар манотқии ноороми шарқии кишвар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор нашавад. 17 май кумиссиюн гуфт, ки наметавонад корҳои омодагӣ ба интихоботро дар ин минтақаҳо пеш барад, зеро хатари “аъмоли ғайриқонунӣ” аз сӯи ҷудоихоҳон вуҷуд дорад. Ҷудоихоҳон назорат бар шаҳрҳову шаҳракҳоро ба даст гирифтаанд.

Кумиссиюн аз Киев хост, ки барои таъмини амният тадбирҳои фаврӣ андешад. Ин ҳушдор дар ҳоле садо дод, ки мақомоти Киев даври дуввуми гуфтугӯҳо ё музокиротро зери шиори “ваҳдати миллӣ” баргузор кард. Аз ин музокирот Ғарб ҷонибдорӣ мекунад ва ҳадафи он коҳиши шиддати бӯҳрон дар Украина аст.

Даври дуввум дар шаҳри Харков баргузор шуд ва дар он доираи васеи сиёсатмадорони Украина, аз ҷумла ҷонибдорони Русия ширкат карданд, вале ҷудоихоҳон ба ин гуфтугӯҳо наомаданд.

Аз сӯи дигар, Русия баргузории интихобот дар зери мили аслиҳаро зери суол бурд ва гуфт, чӣ тарз дар чунин шароит интихобот метавонад посухгӯи муқаррароти демократӣ бошад.
XS
SM
MD
LG