Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се голи Дилшод Восиев, пирӯзии «Хуҷанд» ва «Равшан»


Рӯзи 17-уми май се бозии даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

«Хуҷанд» (Хуҷанд) дар майдони худ бар "Энергетик” (Душанбе) бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард. Голҳоро Вайсиддин Сафаров (49) ва Чарлз Теко (58) дар нимаи дувуми бозӣ ба самар расонданд.

ССКА «Помир» (Душанбе) дар майдони худ аз «Истиқлол» (Душанбе) бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд. Дилшод Восиев, капитани «Истиқлол», дар нимаи дувуми дидор се гол зада, хет-трик кард.

«Равшан» (Кӯлоб) дар майдони худ бар «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Индус Ҳусейнов дар дақиқаи 75-ум ба ҳадаф расонд.

Ду бозии дигари даври панҷум рӯзи якшанбе, 18-уми май, миёни дастаҳои «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва “Хайр” (Ваҳдат) –«Вахш» (Қӯрғонтеппа) сурат мегирад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум
17-уми май, шанбе.

«ХУҶАНД» - «ЭНЕРГЕТИК» - 2-0
Голҳо: Вайсиддин Сафаров, 49 (1:0). Чарлз Теко, 58 (2:0).
Аз майдон хориҷ шуданд: Ҷамолиддин Зардиев («Хуҷанд»), 78, Бахтиёр Чориев («Энергетик»), 78.
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

ССКА «ПОМИР» - «ИСТИҚЛОЛ» - 0-3
Голҳо: Дилшод Восиев, 58 (0:1). Дилшод Восиев, 72 (0:2). Дилшод Восиев, 78 (0:3).
Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

«РАВШАН» - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - 1-0
Гол: Индус Ҳусейнов, 75.
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).


18-уми май, якшанбе. Оғози бозиҳо – соати 17:00

«ПАРВОЗ» - «РЕГАР-ТАДАЗ»
Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

«ХАЙР» - «ВАХШ»
Ваҳдат, варзишгоҳи "Хайр".
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ Дастаҳо БҒМБТИ
1«Истиқлол» (Душанбе)541013-213
2«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)43018-49
3«Хуҷанд» (Хуҷанд)52214-58
4«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)42119-47
5«Хайр» (Ваҳдат)42118-57
6«Равшан» (Кӯлоб)52037-136
7«Энергетик» (Душанбе)51224-75
8«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)51222-55
9«Вахш» (Қӯрғонтеппа)41031-33
10ССКА «Помир» (Душанбе)50142-101

Нишонзанҳои беҳтарин: Хуршед МАҲМУДОВ ва Дилшод ВОСИЕВ (ҳарду - «Истиқлол»), Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 4 тӯбӣ, Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан») –3 тӯб, Мирзобек МИРЗОЕВ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Энергетик»), Комрони МИРЗОХОН ва Фарҳод ТОҲИРОВ (ҳарду - «Парвоз»), Абдурасул РАҲМОНОВ («Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ («Истиқлол»), Чарлз ТЕКО («Хуҷанд»), Индус ҲУСЕЙНОВ («Равшан») – 2-тӯбӣ

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG