Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Русия дар Амрикои Лотин ба пойгоҳ ниёз надорад


Сергей Лавров
Сергей Лавров
Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, Маскав дар кишварҳои Амрикои Лотин пойгоҳи низомии худро мустақар нахоҳад кард, вале “марказ”-и нируҳои обӣ хоҳад дошт. Вай ин нуктаро дар барномаи “Субботные Новости”-и шабакаи телевизионии кишвараш изҳор дошт.

Вай гуфт, бо вуҷуди ин ки Русия ба пойгоҳи низомӣ дар Амрикои Лотин ниёз надорад, вале киштиҳои Русия барои таъмиру нигаҳбонӣ ба як марказ ниёз доранд. Ба гуфтаи вай, бояд киштиҳои Русия дар обҳои байналмиллалӣ шино кунанд ва барои ин ба сӯхт, нигаҳбонӣ, таъмир ва ҷои истироҳати хадама ниёз хоҳанд дошт.

Лавров аз 29 апрел то 1 май аз Куба, Никарагуа, Чилӣ, ва Перу боздид карда буд. Вай изҳор дошта буд, 6 ки Русия мехоҳад аз қаламрави Никарагуа як канал бунёд кунад, то он уқёнуми Атласро бо уқёнуси Ором бипайвандад.
XS
SM
MD
LG