Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари худхондаи Луҳанскро аз боздошт бароварданд


Валерий Болотов
Валерий Болотов
Мақомоти расмии Русия мегӯянд, ба ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия муяссар шудааст, ки Валерий Болотов-раҳбари ҷудоихоҳи худро аз боздошт раҳо кунанд. Болотовро нируҳои амниятии Украина дар марз бо Русия боздошт карда буданд. Вай аз Русия бармегашт.

Болотов раиси худхондаи ҷумҳурии мардумии Луҳанскро 17 май марзбонони Украина боздошт карданд. Баъд аз боздошт тақрибан 100 нафар афроди мусаллаҳ ба посгоҳи марзӣ ҳамла бурданд ва Болотовро раҳо карданд.

Бино ба гузоришҳо, Болотов 13 май аз тарафи афроди номаълум мавриди ҳамла қарор гирифт ва тир хӯрда буд ва ба Русия барои муолиҷаву муоина рафта буд.

Мақомоти Украина мегӯянд, онҳо дақиқ хоҳанд кард, ки ҳангоми ҳамла ба посгоҳ барои раҳоии Болотов талафоти ҷонӣ ба бор омадааст ва хайр.
XS
SM
MD
LG