Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Қрим ҳамоишҳои мардумиро мамнуъ кард


Сергей Аксионов
Сергей Аксионов
Сергей Асионов-раҳбари Қрим ҳар гуна ҳамоиши мардумӣ дар минтақаро то 6 июн мамнуъ эълон кардааст. Ин минтақа моҳи март ба Русия пайваста буд. Аксионов сабаби чунин тасмими худро нооромии 16 май дар минтақа арзёбӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Маҷлиси тоторҳои Қрим, яъне ҷамъияти тоторҳои Қрим ба нақша гирифтааст, ки 18 май дар Симферопол дар рӯзи солгарди депорт ё бадрақаи хонаводаҳои тоторҳо дар соли 1944 як раҳпаймоӣ анҷом диҳад.

Соли 1944 200 ҳазор нафар депорт шуда буданд ва бисёре аз онҳо дар роҳ ҷон доданд. Рефат Губаров-раиси Маҷлиси тоторҳои Қрим дастур дар бораи мамнуияти раҳпаймоиро «кори ғайрибашарӣ» арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG