Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳияи тарҳи тангаҳои хотиравӣ бахшида ба 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии Ҳамадонӣ, 20-солагии Конститутсия ва 90-солагии шаҳри Душанбе озмун эълон кард. Дафтари матбуоти Бонки милии Тоҷикистон имрӯз 16 май ба радиои «Озодӣ» иттилоъ дод, ки озмуни мазкур шурӯъ аз имрӯз то 1 июни соли равон идома карда, довталабон метавонанд тарҳи пешниҳодии худ оид ба тангаҳои хотиравиро то 30 май пешниҳод кунанд. Яке аз шартҳои озмун ин мебошад, ки бояд дар паси ҳамаи тангаҳои хотиравӣ Нишони кишвар ҷойгир карда шавад. Дар робита ба тангаи хотираваӣ ба муносиабти 600-солагии Мавлоно Ҷомӣ акси шоир ҳатмӣ буда вобаста ба тахайюлоти рассом китобу хома, варақ ва ғайраро мешавад илова кард. Дар робита ба тангаи хотиравии Ҳамадонӣ низ ҳамингуна талабот ҷой дорад, яъне акси мутафаккир бояд дар рӯи танга сикка зада шавад. Арзиши тангаҳо бо сомонӣ дар рӯйи ҳамаи тангаҳо бо хоҳиши иштирокчии озмун нишон дода хоҳад шуд. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки озмуни мазкур 1 июни соли 2014, дар маҷлисгоҳи Бонки миллӣ баргузор хоҳад шуд.