Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се шаҳрванди Чин ба ташкили фоҳишахонаҳо дар Бишкек айбдор шуданд


Дар Қирғизистон се шаҳрванди Чин барои ташкили фоҳишахонаҳои махфӣ ба як соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳи олии Қирғизистон рӯзи 16-уми май шаҳрвандони Чин Сю Сюанҷе, Шю Фенгвей ва Йан Ҷянг Ронгро дар роҳандозии се фоҳишахонаи пинҳонӣ дар Бишкек гунаҳкор донист. Ҳар кадоми онҳо яксолиро дар маҳбас ба сар хоҳанд бурд. Дар ин фоҳишахонаҳо наздик ба 30 зани бо танфурӯшӣ машғул буда, аз хидмати онҳо асосан хориҷиёни муқими Бишкек истифода мекардаанд.
XS
SM
MD
LG