Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат се кӯдакро аз Русия ба Тоҷикистон фиристод


Хадамоти консулии cафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 14 майи соли равон бо хатсайри Москва-Душанбе боз се шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон-Оксана Давлатшоева, соли таваллудаш 23 октябри соли 2013, Умар Исматуллоев, мутаваллиди 22 марти соли 2013 ва Маҳина Мирзоёрова, таърихи таваллудаш 15 августи 2011-ро ба ватан фиристод. Ба гуфтаи Ҳабибулло Каримов, корманди Хадамоти матбуоти сафорати Точикистон дар Русия, ин ноболиғон аз зумраи он кӯдакони бепарастормонда мебошанд, ки волидайнашон дар Россия аз онҳо даст кашидаанд. Ба гуфтаи манбаъ, онҳоро Хадамоти консулгарии сафорат дар натиҷаи гуфтушунид ва хуҷҷатгузории бардавом аз мақомоти дахлдори Русия қабул намуда, ба намояндаи масъули вазорати корхои дохилии Точикистон Зокиров Л.Ш. супорид, ки номбурда онҳоро ватан бурд. Ин тифлон то замони ба ватан фиристоданашон дар мақомоти парастории ноҳияи Люблино, Хона -кӯдакистони махсуси №6 ш.Москва ва Хона-кӯдакистони ноҳияи Люберетскии вилояти Москва нигаҳдорӣ мешуданд.
XS
SM
MD
LG