Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мухолифон дар интихоботи Ҳиндустон


Натиҷаҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки ҳизби мухолифи “Баҳратия Ҷаната” дар интихоботи Ҳиндустон пирӯз шудааст. Бино бар ин натиҷаҳо ин ҳизби миллатгаро аксарияти курсиҳоро дар порлумони Ҳинд соҳиб хоҳад шуд ва барои ташкили ҳукумати нав ба ҳеч гуна эътилоф ниёз нахоҳад дошт. Агар ин натиҷаҳо то охир боқӣ монанд, метавон гуфт, бори аввал пас аз соли 1984 як ҳизби Ҳиндустон ҳокими ягона хоҳад шуд. Ҳизби Конгресс, ки ба истиснои 13 сол, аз оғози истиқлолияти Ҳиндустон дар соли 1950 ба ин кишвар ҳокимият кардааст, дар ин интихобот шикаст хӯрд.
XS
SM
MD
LG