Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба муҳоҷирон дар Пушкинои вилояти Маскав


Дар ҳоле ки расми ёдбуди як мухлиси дастаи футболи “Спартак”-и Маскав дар шаҳраки Пушкинои вилояти Маскав ба “погром”-и зидди муҳоҷирон табдил ёфт, полиси 57 тазоҳуркунандаро бо иттиҳоми авбошӣ ва шаробнӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷарима намуд. Ин дар ҳоле рӯй дод, ки садҳо нафар бо даъвати гуруҳе аз ҷавонон барои гиромидошти хотираи мухлиси футбол Леонид Сафянникови 22-сола, ки аз тарафи як муҳоҷири ӯзбак кушта шудааст, дар ҷои воқеа ҷамъ омада, сипас бо нидоҳои миллатгароёна ба бозору дӯкон ва маҳалли кори муҳоҷирон дар як сохтмон ҳамла карданд. Ин ҳамлаҳо бетартибиҳои моҳи октябри соли 2010-и Маскавро ба хотир овард, ки баъд аз куштори як марди славянӣ даҳҳо муҳоҷирони Қафқозӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Полис мегӯяд, Ҷаҳонгир Аҳмадови 25-сола айбдоршавандаи қатли мухлиси футбол, ки рӯзи 14-уми май ба Ӯзбакистон парвоз карда буд, бо сабаби он ки полис ҳамсари ӯро боздошт кард, рӯзи 15-уми май бо ихтиёри худ ба Маскав баргашт ва ба полис таслим шуд.
XS
SM
MD
LG